Сделать свой сайт бесплатно

Реклама

Создай свой сайт в 3 клика и начни зарабатывать уже сегодня.

@ADVMAKER@

Намояндахои ЧМР дар махаллахо

28.04.2016

Бо асоси қарори маҷлиси охирон аз санаи 30.08.2015 сол интихоби намояндагони раис дар маҳаллаҳо ва ё хазиначӣ яъне, ҷамъкунандагони маблағи ҳаққӣ аъзогӣ ба уҳдаи раиси тозаинтихоб Ашуров Зухриддин Маъмурович гузошта шуда буд. Ашуров З. М. дар натиҷаи овоздиҳии умумии аъзоёни ҶМР аз байни ҷавонон дар маҷлиси охирон яъне, ҷамъбастӣ дар соли 2015 ҳамчун раис интихоб гардидааст.

         Намояндагони раис барои ҷамъоварии маблағи ҳаққи аъзогӣ ва дигар корҳои ташвиқотию тарғиботӣ оиди ҶМР дар маҳаллаҳо бе ҳуқуқи сарф намудани маблағ ва ё қарз додан ба шахси дигар, бо қарордоди раиси ҶМР аз санаи 08.09.2015с. шахсони зерин интихоб карда шуданд:

       1. Топилов Туйчибой – намояндаи раис дар маҳаллаи Навобод;

       2. Асқаров Умедҷон – намояндаи раис дар маҳаллаи Сомон;

       3. Абдусамадов Исломҷон – намояндаи раис дар маҳаллаи Ҷавонон;

       4. Зокиров Фарҳод – намояндаи раис дар маҳаллаи Марказ.

          Бино ба дафтар ва талаботи Раис, намояндагони маҳаллаҳо аз рузи интихобашон ҳуқуқи ҷамъоварии маблағи ҳаққи аъзогӣ ва бурдани корҳои ташвиқотию тарғиботиро дошта, аз санаи интихобашон бояд ба кор шуруъ намоянд. Намояндагони маҳаллаҳо уҳдадоранд дар назди Раис ҳар охири моҳ ҳисобот оиди корҳои иҷронамудаашон бо таври хаттӣ, электронӣ ва ё телефонӣ супоранд. Аъзоёни ҶМР метавонанд барои супоридани маблағи ҳаққи аъзогӣ ба намояндаи худи ҳамон маҳалла муроҷиат намоянд ва ё маълумоти итиллооти гиранд.

Комментарии (0)Просмотров (219)