Сделать свой сайт бесплатно

Реклама

Создай свой сайт в 3 клика и начни зарабатывать уже сегодня.

@ADVMAKER@

ТАБРИКОТИ «НАВРУЗ»



                  Хамдеҳагон ва ҳамватанони азиз!

 

       Пагоҳ мутобиқи тақвими қадимаи халқамон Соли нави аҷдодии мо - Наврӯз бо шукӯҳу ҷалоли ҳамешагӣ ид карда мешавад.

        Ба ин муносибат Раёсати ҶМР ҳамаи шуморо аз самими дил табрику муборакбод намуда, бароятон сулҳу амонӣ, бахту саодат, хонаи обод, рӯзгори пурфайзу осуда, сарсабзиву сарбаландиҳо таманно менамояд.

       Наврӯз яке аз маҳбубтарин ҷашнҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик буда, ҳамчун рамзи офариниши ҳаёт, оғози тозаи зиндагӣ аз давраҳои дур то ба имрӯз расидааст.

     Ҳанӯз дар айёми сулолаи Пешдодиён, ки донишмандон ибтидои ба майдони таърих воридшавии онҳоро ба ҳазорсолаи панҷуми пеш аз милод нисбат медиҳанд, Наврӯз ҷашн гирифта мешуд.

   Бори дигар ҳамаи шуморо бо фарорасии Наврӯзи фархундапай табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо, ҳамдеҳагон ва ҳамватанони азиз, тинҷию осудаҳолӣ ва бахту саодат орзу менамоем.

        Наврӯзатон муборак бошад! 

        Бо эҳтиром Раёсати ҶМР.



 

20.03.2016
Просмотров (120)