Сделать свой сайт бесплатно

Реклама

Создай свой сайт в 3 клика и начни зарабатывать уже сегодня.

@ADVMAKER@

Ба сохтмони "СПОРТЗАЛ" шуруъ мекунанд

28.04.2016

Баъди омӯзиши натиҷаи ҷамъоварии маблағ оиди сохтмони толори варзишӣ дар Деҳа раиси ҶМР ва намояндагони он дар маҳаллаҳо ба хулосае омаданд, то ба сохтмони толори варзишӣ ҳар қадар бояд тезтар шурӯъ намуд. Зеро ҷамъоварии маблағ аз соли 2012 инҷониб идома дошта, то ҳол ягон натиҷаи назаррасе ба вуҷуд наомадааст ва ин тули 3 соли гузаштаро ғайриқаноатбахш баҳогузори намуданд. Бинобарин раиси ҶМР ба назди худ мақсад гузошта, намоядагони раис дар маҳаллаҳоро уҳдадор ва вазифадор намуд.

      Ҳар чи тезтар ба корҳои ташвиқотию тарғиботӣ машғул шуда, оиди ҷамъоварии маблағи толори варзишӣ саривақт ба раис маълумот пешниҳод намоянд. Миқдори ҷамъоварии маблағро ба ҳиммати ҳамдеҳагон нигоҳ карда аз шахсони хоҳишманд гирифта ба хазинаи ҶМР ворид карда шавад ва миқдори минималӣ барои дастгири оиди сохтмони толори варзишӣ аз 1000 рубли русси то 500 рубли русси ва ё 50 сомони поён фуроварда шуд. Раис таъкид намуд: - корҳои ташвиқотиро ба суръати баланд ба саҳми ҳамдеҳагон расонед, ишора намоед, айни ҳол то чи андоза муҳим будани сохтмони толори варзишӣ ба Деҳа ва аҳамияти онро ба ҳамагон шарҳ диҳед.

      Барои ҷамъоварии маблағ намояндагони Раис дар маҳаллаҳо: Топилов Туйчибой – маҳаллаи Навобод, Асқаров Умедҷон – маҳаллаи Сомон, Абдусамадов Исломҷон – маҳаллаи Ҷавонон ва Зокиров Фарҳод – маҳаллаи Марказ оғоз намуданд. Раиси ҶМР назорати ҳамешагӣ ва саривақтии ҷамъ намудани маблағ оиди сохтмони толори варзишӣ ва рафти кори сохтмониро бар души худ гирифт.

        Таъкид кардан ҷоиз аст, ки то имрӯз ҷамъоварии маблағ ва назорати доимии он дар уҳдаи хазиначии ҶМР Топилов Шарифҷон буд. Он шахс дар ин самт, оиди сохтмони толори варзиши саҳми арзандае дошта, то кунун зиёда аз 157 нафар аъзоёни ҶМР ва мардуми ҳимматбаланду бо нангу номуси Деҳа, маблағ барои бунёди толори варзишӣ аз 1000 рубли русси ё ин, ки 100 сомони сар карда ба миқдори умумӣ зиёда аз 200 ҳазор рубли руссӣ маблағ ғун кардаанд.

       Аз ин лиҳоз ба диққати шахсони хоҳишманд, мардуми баору номус ва ҳимматбаланди Деҳа мерасонем, метавонанд онҳо то қадри имконашон ба сохтмони толори варзишӣ дар деҳаи Мулломир саҳми арзандаи хешро гузошта бошанд. Миқдори минималии маблағ барои сохтмони толори варзиши аз ҳар як инсон 500 рубли русси ва ё 50 сомони мебошад.

Комментарии (0)Просмотров (158)