Сделать свой сайт бесплатно

Реклама

Создай свой сайт в 3 клика и начни зарабатывать уже сегодня.

@ADVMAKER@
МАЪЛУМОТҲОИ УМУМӢ (Ҷамъияти Мулломириёни Руссия ҶМР).
Добавил: mmuull 23 ноября 2013 14:12
МАЪЛУМОТҲОИ УМУМӢ
(Ҷамъияти Мулломириёни Руссия ҶМР).

 

ТАШКИЛЁБӢ
    Ҳар сол зиёда аз 400 нафар муҳоҷирон аз деҳаи Мулломир дар кишварҳои мухталифи Федератсияи Руссия (ФР) кору фаъолият менамоянд. Бо мақсади муттаҳид намудани онҳо, мунтазам огаҳ будан аз ҳолатҳои зиндагиву кории ҳамдигар, мусоидат намудан оиди тарғиби риояи қонунҳои амалкунанда, ташкил намудани хазинаи ёрӣ дар ҳолатҳои ногаҳонӣ ва дармондагӣ, ҳиссагузорӣ дар ободонии деҳа моҳи сентябри соли 2009 дар шаҳри Тюмени ФР, бо ташаббуси Қодиров Ҳошимҷон, Ғафуров Акрамҷон, Зокиров Абдулло, Топилов Шарифҷон, Алиқулов Мӯъминҷон, Бобоназаров Алишер, Нишонов Абдулло, Комилов Ҷаҳонгир, Ғафуров Исроил, Қушматов Зарифҷон ва бо дастгирии боз якчанд инсонҳои дигар Ҷамъияти Мулломириёни Руссия (ҶМР) ташкил карда шуд.
       Аввалан солхои 2007- 2008 идеяи ташкил намудани чунин Ҷамъият дар Қодиров Ҳошимҷон пайдо шуда буд, вале барои ташкили ин гуна Ҷамъият то соли 2009  муваффақ нашуд. Қодиров Ҳошимҷон дар он солҳо, яъне солҳои 2006 -2009 намояндаи раиси диаспораи н. Ашт дар ш. Тюмени ФР кор ва фаъолият мебурд.  Яке аз сабабҳои асосии ташкилёбии Ҷамъият, марги нобаҳангоми яке аз муҳоҷирони меҳнатии истиқоматкунандаи деҳаи Мулломир дар ш. Тюмени ФР Маматов Иброҳим Эргашович мебошад. Чунки барои гуселонидани тобути шахси фавтида маблағ барои роҳкиро то деҳа лозим буд, вале дар он вақтҳо барои ҷамъоварии маблағ шароити кофи вуҷуд надошт ва ё ниҳоят душвор буд. Барои ҷамь овардани маблағи зарурӣ шахсони дар болозикргардида шурӯъ намуданд ва аз ҳар инсоне, ки истиқоматкунандаи деҳаи Мулломир асту он рӯз муҳоҷир дар ш. Тюмени ФР буд, хоҳиш менамуданд то барои роҳкирои гуселонидани тобути шахси фавтида то қадри имкон метавонанд маблағе кӯмак намоянд. Вале аз ин кори оғознамудаи онҳо натиҷаи наонқадар қаноатбахш ҳосил нашуд, зеро бисёр инсонҳо дар ҷавоб мегуфтанд маблағ надорем ё худ ҳар баҳонаеро пеш меоварданд. Ба ин суханҳо нигоҳ накарда аз як гурӯҳи муайяни муҳоҷирони меҳнатӣ ба миқдори 500 рубли руссӣ аз ҳар як муҳоҷир маблағ ҷамъ оварданд ва тобути шахси фавтидаро ба Ватан гусел намуданд. Баъдан бо сабаби рӯбарӯ шудани муҳоҷирон ба ҳолатҳои ногаҳонӣ ва аз чунин ҳолатҳои ногаҳонӣ, фавқулода баромадан ҶМР ташкил карда шуд. Мақсад ва вазифаи ҶМР расонидани кӯмаки моддӣ ва маънавӣ барои аъзоёнаш, яъне муҳоҷирони меҳнатӣ дар ФР мебошад.

 

МАҚСАД ВА ВАЗИФА
     Маркази ҶМР ш. Тюмени ФР буда, мақсад ва вазифаҳои асосии ҶМР ин:
      - ба ҳар як аъзои ҶМР дар ҳолати таъҷилӣ ба миқдори зарурӣ бо мӯҳлати муайян таъмин намудан бо маблағ;
       - дар ҳолати ба ягон аъзояш рӯй додани ҳодисаи нохуш (фавт) то ба Ватан дастрас кардани тобути он ба андозаи роҳпулӣ додани маблағ ҳамчун кӯмаки бебозгашт;
   - барои обод намудани деҳа, алалхусус барои таъмири қабристон, мактаб ва роҳҳои мошингард ҳар сол ба андозаи имконият додани маблағ ҳамчун кӯмаки бебозгашт;
      - таъмин намудани аъзоёни хоҳишманд бо ҷои кор;
  - муттаҳид намудан ва сари як дастархон ҷамъ овардани муҳоҷирони меҳнатии истиқоматкунандагони деҳаи Мулломир;
      - мунтазам огаҳ будан аз ҳолатҳои зиндагиву кории ҳамдигар;
      - мусоидат намудан оиди тарғиби риояи қонунҳои амалкунанда;
      - ва ниҳоят ташкил намудани хазинаи ёрӣ дар ҳолатҳои ногаҳонӣ ва дармондагӣ мебошад.

 

РАЁСАТ
    Айни ҳол шумораи умумии аъзоёни ҶМР зиёда аз чаҳорсад нафар буда, инчунин дар ш. Барнаули ФР филиали он амал менамояд, ки роҳбарии онро Мадаминов Латиф ба ӯхда дорад ва муҳоҷирони меҳнатӣ бевосита дар онҷо низ кӯмаки моддиву маънавӣ гирифта метавонанд. Сарназоратчии ҶМР Қодиров Ҳошимҷон буда, раиси он Абдувоҳидов Абдуқодир ва чаҳор нафар муовинони он шахс аз чаҳор маҳалла:
1.Маҳаллаи НАВОБОД – Ҳусейнбоев Қуйлибой;
2.Маҳаллаи МАРКАЗ – Бекназаров Ҷамшед;
3.Маҳаллаи СОМОН – Охонов Далерҷон;
4.Маҳаллаи ҶАВОНОН – Мадалиев Абдурасул мебошад.
      Вазифаи муҳосиботи (хазиначӣ) ҶМР-ро Топилов Шарифҷон бар уҳда дорад. Инчунин барои дастрасӣ бо маълумотҳои ҶМР ба аъзоёнаш сомонаи «ПАЁМИ КӮҲСОР» ташкил карда шудааст, ки ҳамарӯза навигариҳои Деҳа, тарзи ҳаёти зисти муҳоҷирон дар ФР, нақлу ривоятҳо, аксҳои тасвиркунандаи рӯзгори мӯҳоҷирон, наворҳои видеоӣ ва аз рафти корҳои ҶМР ба аъзоёнаш ва ҳамдеҳагон дар олами интернетии ҷаҳонӣ дастрас ва маълумот мерасонад. Инсонҳои дар болозикргардида барои дастгирии ҳамдиёрони мо дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар ФР бисёр меҳнатҳои софдилона ва бародаронаро иҷро намудаанд, мекунанд ва хоҳанд кард. Инчунин ҳамаи аъзоёни ҶМР шахсони Ватандӯст, баору номус ва боғурури деҳа мебошанд. Бояд қайд кардан ҷоиз аст ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ҷавонмардӣ, инсонпарварӣ, меҳнатдӯстии худро дар мусофирӣ нишон дода, заррае бошад ҳам дар кори хайр ва ободии диёр саҳмгузор ҳастанд, ки мисолҳои овардаи зер далели ин гуфтаҳоянд.

 

КӮМАКҲОИ БЕВОСИТА
     ҶМР ҳамаҷониба тарафдории ободии диёр буда, дар ин ҷода кӯмакҳои бисёр назаррасеро ба анҷом расонидааст. Дар ҷадвали 1. номгӯи кумакҳои  ҶМР, ки бо таври бебозгашт карда шудааст.

 

Ҷадвали 1.

Номгуи  харочотҳо

Маблағи чудогашта

(рубл)

Соли ичрошуда

Эзоҳ

1

Таъмири роҳи Қумбел

9 500

2009

 

2

Барои ободии 4 маҳалла 4 х 5000

20 000

2009

 

3

Барои ободии 2 маҳалла 2х15 000

30 000

2012

Сомон, Марказ

4

Барои сохтмони ошхонаи мактаб

20 000

2013

 

5

Барои ободии клуб

3 700

2013

 

6

Барои бозии Волейбол (мусобиқаи ноҳиявӣ)

23 700

2012

 

7

Маҳфили занҳо

700

2013

Бахшида ба 08.03.2013с.

8

Таъмири роҳ бо Грейдер (Қумбел)

3 700

2012

 

9

Барои бензин (ҳангоми сохтмони купрук)

700

2012

 

10

Барои таъмири як синфхонаи мактаб

14 500

2013

 

11

Барои ниёзмандон

25 000

-

 

12

Таъмири роҳи Кули -хоча Мулломир

15 000

2012

 

13

Барои мумфарш кардани роҳ (асфалть)

30 000

2013

 

14

Барои ободонии 2 маҳалла

30 000

2013 

Навобод, Ҷавонон

 

 

     Кӯмакҳои намудаи ҶМР танҳо дар ҷадвали болооварда набуда, балки боз якчанд маротибҳои зиёд барои дастгирии аъзоёнаш, муҳоҷирони меҳнатӣ ҳам кӯмакҳои моддиву маънавӣ расонидааст, мерасонад ва дар оянда низ хоҳад расонд.

 

НАҚШАҲОИ ОЯНДА
      ҶМР дар назди худ ба нақша даровардааст солҳои наздик барои дастраси пайдо намудан аз шабакаи интернетӣ дар Деҳа маркази «Хизматрасониҳои компютерӣ» кушояд. Вазифаи ин лоиҳа натанҳо дастраси барои шабакаи интернетӣ, балки нишон додани хизматҳои компютерӣ ва омӯзонидани технологияи компютерӣ барои ҳар як фарди хоҳишманди деҳа мебошад. Инчунин солҳои наздик кушиш дорад то яке аз филиали бонкҳои Чумҳуриро дар деҳаи худамон кушода, барои интиқоли пулҳо ва ҳам барои дастрас намудани маблағҳои лозимӣ бо фоизи пастаррин барои мардум дар худи деҳа гирифтан мушарраф гардонад. Дар кадом шаҳре, ки зиёда аз чил нафар истиқоматкунандагони дехаи Мулломир дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳастанд, кушодани филиали ЧМР дар онҷоро дар назар дорад. Ба ғайр аз инҳо ҶМР нақша дорад ҷавонони лаёқатмандро дар паи омӯхтани илм дастгирӣ ва ҳамаҷониба тарафдорӣ намуда, ёрдами хешро аз ҷиҳати моддиву маънавӣ хоҳад расонд.
Просмотры (69)  Комментарии (0)  Форум (Асоси)
nodirjon 14.07.2014 в 22:24
Салом ба ахли ЧМР хамин " Хизматхои компьютери"- ро ба мактаб кушоянд чи хел мешавад???? Мактаб бачахохам истифода мебурданд бо микдори муаян..