ПАНДИ БУЗУРГОН
Ин саҳифа бо дархости мухлисони сомонаи «Паёми кӯҳсор» омода гардида, дар инҷо панду насиҳатҳо ҷойгир карда мешавад. Марҳамат дар ин маҳфили олами насиҳатҳо фаъолона иштирок намоед. Ба манзури Шумоён пандҳои пурмазмунро дар иҷро, ва садои форами Малохатбону А ва Қурбон С. пешкашатон мегардонем, гуш кунед, ҳаловат баред ва дар дохил намудани комментарияҳо фаъол бошед.
САЗОИ НОШУКРӢ
(Хикоя)
Зинат боз азими сафар ба Руссия шуд. Ин дафъа додараш Зиракро низ ҳамроҳаш гирифт. Бародарон ба сахтиву машаққатҳо нигоҳ накарда кор мекарданд. Пулҳои ёфтаашонро дарҳол ба модарашон равона мекарданд.
Соҳиба аз омади кори писаронаш шукр мекард. Аммо ҳар боре, ки модар пул мегирифт, кибраш зиёдтар мешуду «шукр» ба забонаш камтар меомад. Ба бозор рафта, барояш чизҳои қимматбаҳоро интихоб мекард, ба хариди дигарон назарногирона нигоҳ мекард. Ба соҳиба боз пул омад. Рақамҳои фиристодаи писарашро гирифта ба бонк рафт.
Занаке аз бонк пул мегирифт. Соҳиба бесаброна ин сӯ – он сӯ қадам монда, навбат мепоид. Занак панҷто ҳазоррублии руссиро гирифта, ба чашмонаш молида, «раҳмат» гуён ба қафо гашт.
- Оббо, буду шудаш панҷҳазор рубл пул мегирад, аммо дилаш, ки пеши пояшон саҷда кунад, - ғурунгос кард. Соҳиба ва рақамҳои махфиро ба корманди бонк дароз кард, - аз они ман панҷоҳ ҳазор. – Марҳамат шумурда гиред! – панҷоҳ дона ҳазоррублиро ба назди Соҳиба гузошт корманди бонк.
- О, ин чӣ хел пул? Ба ман пулҳои калонашро диҳед, -қавоқашро гирифт Соҳиба.
-Магар ин пул нест? - ҳайрон шуд корманди банк, -пулҳои калон надорем.
- Ин пулчаҳои назарногиратро ба кисаат андохта мон, додарча – абрувонашро чин кард Соҳиба, - Ман аз дигар бонк пулҳои панҷ ҳазориву даҳҳазориашро мегирам.
- Холаҷон, Руссия ҳоло пули даҳҳазорӣ набаровардааст, - хандид корманди бонк, - оқибати ношукриатон ба хайр шавад.
- Ба насиҳати ту муҳтоҷ нестам. Ман безори пулҳои майда – чуйдаатон шудам, - ҷилвакунон аз банк дур шуд Соҳиба.
* * *
Торикӣ атрофро пахш мекард, аммо ҳамоно Зинат аз болои бом фаромадан намехост.
- торик шуд ака, барои имрӯз бас будагист? Дастҳоям аз хунукӣ карахт шуданд, - таги поямон яхча шуд, -норозӣ шуд Зирак.
- Медони –ку додарҷон, имсол проблемаамон бисёр. Ман бояд хонадор шавам, ту бояд ба хондан дароӣ. Пулҳои охиринамонро ба хона гусел кардем, тезтар ин корро ҷамбаст карда, пулашро гирифтан даркор. Барои ҳамин ана ин ду тахтаро ҳозир часпонам, саҳар хеста, ба часпонидани шифер сар мекунем, - гуён тахтаро гирифта ба додараш дароз кард Зинат.
Зирак тахтаро гирифта ба ҷои даркорӣ гузошту хост мех кунад, аммо пояш лағжида сарпоён ба замин афтид. Дарҳол ӯро ба беморхона бурданд.
Аз ин воқеъа ҷамъияти ҳамдеҳагон, ки бо мақсади ваҳдат ва дастгирии ҳамдигар дар ҳолатҳои дармондагӣ ва ногаҳонӣ бо номи ҶМР (Ҷамъияти муҳоҷирони равшандил) ташкил карда буданд, огаҳӣ ёфта, намояндагони он ба беморхона омаданд.
- Сарашро ҷарроҳӣ карданд, -гуфт Зинат ба намояндаи ҶМР, - мувофиқи гуфти духтурон ба муддати як сол набояд кор кунад. Бинобарин ба ватан гусел карданам лозим. Аммо пул надорам. Бо фоизи дилхоҳ бошад ҳам аз ягон кас пул гирифтанам лозим.
- Ин тавр нагӯй, Зинат –гуфт намояндаи ҶМР, -ту ва додарат узви ҶМР ҳастед. Барои ҷарроҳии додарат ҶМР кӯмаки бебозгашт мекунад, чунки ӯ лаёқати кориашро гум кардааст. Барои ба ватан гусел карданаш ба номи ту қарзи бефоиз медиҳем. Ту кор карда, оҳиста-оҳиста дар муддати се моҳ онро пардохт мекунӣ, майлаш?
-Ташаккур, ба Шумо ва ба ҶМР, ки дар ҳолатҳои зарурӣ мо барин дармондагонро дастгирӣ мекунад, -хурсанд шуд Зинат.
Зинат ба модараш занг зада, воқеаро гуфт ва хоҳиш намуд, ки аз паи саломатии Зирак шавад. Пулҳои ғункардаи Соҳиба мисли хазоне, ки бод аз шохи дарахт барканда мебурд, барои дармони Зирак парвоз мекард. Соҳиба бошад аз рафтани пулҳояш дарун-дарун месӯхт.
Баъди чанд вақт аз Зинат ба модараш занги телефон шуд:
- Модарҷон, қарзҳои гирифтаамро ҳисобӣ карда истодаам, бинобарин ба шумо пули бисёр фиристонда натавонистам. Кам бошад ҳам ин панҷ ҳазорро гирифта ба эҳтиёҷатон сарф кунед, фақат зиқ нашавед.
Соҳиба ба бонк рафту хост пули аз Зинат омадаро гирад.
- бубахшед, пули калон надорем, гуфт корманди бонк Соҳибаро шинохта.
- Майлаш, писарҷон. Садрублӣ бошад ҳам пул бошад шуд, - сарашро хам карда соҳиба, гӯё ки сазои ношукриашро ҳис карда буд.
Ёқубҷон Охонов узви ИЖ Тоҷикистон