Сделать свой сайт бесплатно

Реклама

Создай свой сайт в 3 клика и начни зарабатывать уже сегодня.

@ADVMAKER@
Протоколи ҷаласаи №___ (ҷамъбастӣ) 2014c.
Добавил: mmuull 21 октября 2014 09:33

Протоколи ҷаласаи №___ (ҷамъбастӣ)

 аз 21.09.2014сол                                                                           ш. Тюмень

иштирок намуданд:

зиёда аз 50 нафар аъзоёни ҶМР

 

Соати 13оо санаи 21 –уми сентябри соли 2014 ҷаласаи охирони ҷамъбастии ҶМР оиди соли ҷорӣ дар шаҳри Тюмен шуда гузашт, ки рӯзномаи ҷаласа чунин буд:

1.Шиносои бо рӯзнома ва суханҳо оиди гузаронидани ҷаласа;

2.Сухани ташфиқоти ва фаҳмондадиҳи оиди ҶМР;

3.Эълони натиҷаи кори ҶМР дар давоми сол ва баҳогузорӣ оиди фаъолият;

4.Ҳисоботи хазиначӣ оиди соли ҷорӣ;

5.Ҳисоботи раис оиди соли ҷорӣ;

6.Қадрдонӣ ва супоридани ифтихорномаҳо;

7.Пешниҳод оиди интихоби раис;

8.Баррасии муроҷиатномаи «Наждак»;

9.Суолу ҷавоб шунидани фикрҳои аъзоён;

10.Масъалаи ҷорӣ.

Оиди масъалаи якум Мутавалиев Ш. баромад намуда, тарзи гузаронидани ҷаласаро ба ҳамагон муаррифӣ намуд.

Оиди масъалаи дуюм Имомқулов А. баромад карда, қайд намуд, ки «ҳар сол зиёда аз 400 нафар муҳоҷирон аз деҳаи Мулломир дар кишварҳои мухталифи Федератсияи Руссия (ФР) кору фаъолият менамоянд. Бо мақсади муттаҳид намудани онҳо, мунтазам огаҳ будан аз ҳолатҳои зиндагиву кории ҳамдигар, мусоидат намудан оиди тарғиби риояи қонунҳои амалкунанда, ташкил намудани хазинаи ёрӣ дар ҳолатҳои ногаҳонӣ ва дармондагӣ, гирифта мешавад то ба хазинаи ҶМР сабт гардад, бори дигар илтимоси онро дорем дар вақти баромадҳо эҳтиёткорона бошед.ҳиссагузорӣ дар ободонии деҳа моҳи сентябри соли 2009 дар шаҳри Тюмени ФР, бо ташаббуси Қодиров Ҳошимҷон, Ғафуров Акрамҷон, Зокиров Абдулло, Топилов Шарифҷон, Алиқулов Мӯъминҷон, Бобоназаров Алишер, Нишонов Абдулло, Комилов Ҷаҳонгир, Ғафуров Исроил, Қушматов Зарифҷон ва бо дастгирии боз якчанд инсонҳои дигар Ҷамъияти Мулломириёни Россия (ҶМР) ташкил карда шуд.

Яке аз сабабҳои асосии ташкилёбии ин Ҷамъият, марги нобаҳангоми яке аз муҳоҷирони меҳнатии истиқоматкунандаи деҳаи Мулломир дар ш. Тюмени ФР Маматов Иброҳим мебошад. Чунки барои гуселонидани тобути шахси фавтида маблағ барои роҳкиро то деҳа лозим буд, вале дар он вақтҳо барои ҷамъоварии маблағ шароити кофи вуҷуд надошт ва ё ниҳоят душвор буд. Барои ҷамь овардани маблағи зарурӣ шахсони дар болозикргардида шурӯъ намуданд ва аз ҳар инсоне, ки истиқоматкунандаи деҳаи Мулломир асту он рӯз муҳоҷир дар ш. Тюмени ФР буд, хоҳиш менамуданд то барои роҳкирои гуселонидани тобути шахси фавтида то қадри имкон метавонанд маблағе кӯмак намоянд. Вале аз ин кори оғознамудаи онҳо натиҷаи наонқадар қаноатбахш ҳосил шуд, зеро бисёр инсонҳо дар ҷавоб мегуфтанд маблағ надорем ё худ ҳар баҳонаеро пеш меоварданд.

Баъдан бо сабаби рӯбарӯ шудани муҳоҷирон ба ҳолатҳои ногаҳонӣ ва аз чунин ҳолатҳои ногаҳонӣ, фавқулода баромадан ҶМР ташкил карда шуд. Мақсад ва вазифаи ҶМР расонидани кӯмаки моддӣ ва маънавӣ барои аъзоёнаш, яъне муҳоҷирони меҳнатӣ дар ФР мебошад.

Мақсад ва вазифаҳои асосии ҶМР ин:

- ба ҳар як аъзои ҶМР дар ҳолати таъҷилӣ ба миқдори зарурӣ бо мӯҳлати муайян таъмин намудан бо маблағ;

- дар ҳолати ба ягон аъзояш рӯй додани ҳодисаи нохуш (фавт) то ба Ватан дастрас кардани тобути он ба андозаи роҳпулӣ додани маблағ ҳамчун кӯмаки бебозгашт;

- барои обод намудани деҳа, алалхусус барои таъмири қабристон, мактаб ва роҳҳои мошингард ҳар сол ба андозаи имконият додани маблағ ҳамчун кӯмаки бебозгашт;

- таъмин намудани аъзоёни хоҳишманд бо ҷои кор;

- муттаҳид намудан ва сари як дастархон ҷамъ овардани муҳоҷирони меҳнатии истиқоматкунандагони деҳаи Мулломир;

- мунтазам огаҳ будан аз ҳолатҳои зиндагиву кории ҳамдигар;

- мусоидат намудан оиди тарғиби риояи қонунҳои амалкунанда;

- ва ниҳоят ташкил намудани хазинаи ёрӣ дар ҳолатҳои ногаҳонӣ ва дармондагӣ мебошад.

Айни ҳол дар ш. Барнаули ФР филиали он амал менамояд, ки роҳбарии онро Мадаминов Латиф ба ӯхда дорад ва муҳоҷирони меҳнатӣ бевосита дар онҷо низ кӯмаки моддиву маънавӣ гирифта метавонанд. Сарназоратчии ҶМР Қодиров Ҳошимҷон буда, раиси он Абдувоҳидов Абдуқодир ва чаҳор нафар муовинони он шахс аз чаҳор маҳалла:

1.Маҳаллаи НАВОБОД – Ҳусейнбоев Қуйлибой;

2.Маҳаллаи МАРКАЗ – Бекназаров Ҷамшед;

3.Маҳаллаи СОМОН – Охонов Далерҷон;

4.Маҳаллаи ҶАВОНОН – Мадалиев Абдурасул мебошад.

Вазифаи муҳосиботи (хазиначӣ) ҶМР-ро Топилов Шарифҷон бар уҳда дорад. Инчунин барои дастрасӣ бо маълумотҳои ҶМР ба аъзоёнаш сомонаи «ПАЁМИ КӮҲСОР» ташкил карда шудааст, ки мутасаддияш Мутавалиев Шарифҷон буда ҳамарӯза навигариҳои Деҳа, тарзи ҳаёти зисти муҳоҷирон дар ФР, нақлу ривоятҳо, аксҳои тасвиркунандаи рӯзгори мӯҳоҷирон, наворҳои видеоӣ ва аз рафти корҳои ҶМР ба аъзоёнаш ва ҳамдеҳагон дар олами интернетии ҷаҳонӣ дастрас ва маълумот мерасонад. Инсонҳои дар болозикргардида барои дастгирии ҳамдиёрони мо дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар ФР бисёр меҳнатҳои софдилона ва бародаронаро иҷро намудаанд, мекунанд ва хоҳанд кард. Инчунин ҳамаи аъзоёни ҶМР шахсони Ватандӯст, баору номус ва боғурури деҳа мебошанд. Бояд қайд кардан ҷоиз аст ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ҷавонмардӣ, инсонпарварӣ, меҳнатдӯстии худро дар мусофирӣ нишон дода, заррае бошад ҳам дар кори хайр ва ободии диёр саҳмгузор ҳастанд, ки мисолҳои овардаи зер далели ин гуфтаҳоянд.

ҶМР ҳамаҷониба тарафдории ободии диёр буда, дар ин ҷода кӯмакҳои бисёр назаррасеро ба анҷом расонидааст, ки ҳаҷми умумии он то ба имрӯз ---- рубли руссиро ташкил намуда, ҳамаи он бебозгашт аст. Ҳол он, ки ҳаҷми маблағи умумии аъзоҳақии ҷамъгашта бе фоиз то имруз ------ мебошад. Яъне ин онро ифода менамояд, ки аз 100% фоизи ҷамъгаштаи аъзоҳаққӣ, зиёда аз 40 % танҳо барои кӯмак сарф шудааст.

Кӯмакҳои намудаи ҶМР танҳо маблағҳои дар боло зикргардида набуда, балки боз якчанд маротибҳои зиёд барои дастгирии аъзоёнаш, муҳоҷирони меҳнатӣ ҳам кӯмакҳои моддиву маънавӣ расонидааст, мерасонад ва дар оянда низ хоҳад расонд”.

Оиди рӯзномаи сеюм Мутавалиев Ш. баромад намуда, натиҷаи кори ҶМР дар давоми соли 2014 -ро қаноатбахш арзёбӣ кард.

Оиди рӯзномаи чорум хазиначӣ Топилов Ш. ҳисобот пешниҳод намуда, қайд кард, ки “аз рӯи ҳисоботи ҷаласаи охирон, ки санаи 22 –юми сентябри соли 2013 баргузор гардида буд.


Дар соли 2012 дар ман - рубл монда буд. Дар соли 2013 аъзоҳаққӣ 141000 ҷамъ шуда буд. Аз ин маблағ - барои ёрдам сарф шудааст ва аз ин монд 75000 рубл.

Маблағи қарзи Мирзоев ҷамъ бо фоизаш - буда, ини Расул - ташкил медиҳад. Аз ин боз - маблағи фоизҳо ворид гардидааст. Яъне:

Ҳамагӣ - + - + - = - рубл мешавад, ки ин маблағ дар ҳисоби ман аст.

Аз ин маблағ - қарзи Мирзоев Т. - фоизи қарзи Расул ва ба ҳаҷми -моҳи январи соли 2014, боз -моҳи марти соли 2014 ба раиси ҶМР Абдувоҳидов гузаронида шуд. Яъне:

- монд.

Дар давоми нимсолаи дуюми соли 2013 ва нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба миқдори умумӣ 64000 ҳамчун ёрдампулии бебозгашт сарф карда шуд. Яъне:

  1. 30000 ёрдам барои ду маҳалла: Ҷавонон ва Навобод;
  2. 29000 барои гуселонидани тобути шахси фавтида;
  3. 5000 ҳамчун ёрдам барои Бойботурова Т.

Ба ғайр аз ин, боз ба якчанд аъзои ҶМР ҳамчун ёрдам ба муҳлати муайян маблағи лозима дода шуд.

  1. Исмоилов Зиёмиддин                - 8000 рубл;
  2. Узганов Парвиз                                      - 5000 рубл;
  3. Абдунозимов Дилмурод            - 5000 рубл;
  4. Кушбоев Шоир                                     - 5000 рубл;
  5. Каххоров Абдукарим                           - 5000 рубл;
  6. Топилов Шавкат                          - 5000 рубл;
  7. Абдунозимов Абдураҳмон                 - 5000 рубл;
  8. Бобоназаров Нодир                    - 5000 рубл; ва дигарон.

Яъне, айни ҳол ба ҳаҷми умуми дар ман - рубл пули нақд ва - рубл пули қарз вуҷуд мебошад”.

Оиди рӯзномаи панҷум Абдувоҳидов А. баромад намуда қайд кард, ки (суханони Абдувоҳидов)

Оиди қадрдонӣ ва супоридани ифтихорномаҳо Топилов Ш. баромад намуда, якчанд аъзои беҳтарини ҶМР –ро муаррифи кард, ки ба онҳо ҳамчун туҳфаи хотиравӣ, ифтихорномаҳо супорида шуд. Ҳамчун аъзои беҳтарин дар соли 2014: Абдунозимов Н., Қаҳҳоров Ш., Мадаюбов Б., Мадиёров И., Самадов Ҷ., Ғаффуров Ҳ., Комилов А., Комилов М., Имомназаров Н., Топилов Т., Норқузиев С., Норқузиев Х., Ҳусенбоев Қ., Қучқоров М. Ва Исмоилов М. шинохта шуданд.  


Оиди интихоби раис барраси карда шуд, вале ягон натиҷаи қаноатбахш ҳосил нашуд. Бинобарин пешниҳод карданд, то пурра ҷамъ гаштани маблағҳои насябуда раис дар вазифаи худ меистад.

Оиди баррасии муроҷиатномаи «наждак» Қушматов З. баромад намуда қайд кард, ки “ба маълумоти аъзоёни ҶМР расонида мешавад, ки санаҳои 13- юми июн, бо чаҳор комментария, 15- уми июн бо як комментария, 21- уми июн бо як комментария, 11- уми сентябр бо ду комментария ва 12- уми сентябр бо як комментария бо номи «Наждак» ба сомонаи «ҶМР» муроҷиат намудааст, ки ҳамаи ин комментарияҳо зидди «Низомнома»-и ҶМР мебошад. Вале бар ин саволҳо ҷавоб дар сомонаи «Паёми кӯҳсор» навишта шудааст. Сабаби кушодани ин мавзуъ дар он аст, ки дар байни аъзоён бояд инро кушод ва равшан муаррифӣ карда шавад. Худи шумо медонед мақсади ташкили ин ҷамъият дар чист? Дар ҳар як корхона ташкилоти иттифоқи касаба вуҷуд дорад. Вазифаи ин ташкилот аз он иборат аст, ки ҳуқуқи коргарони ҳамонро ҳифз кунад. Бар ивази ин ҳар як масъули корхона ҳаққи аъзогӣ месупорад. Вазифаи ҶМР низ ҳамин гуна аст, ягон ҳодиса агар ба аъзояш рух дихад кумак мекунад. Бар ивази ин аз аъзоёнаш ҳаққи аъзогӣ талаб мекунад.

Илова намуд, мазмуни ташкили ин ҷамъият, ки маблағи умуми истаду пагох ба пои ягон кас хор занад давида пул накобему аз ҳамин истифода барем. Зеро бачахои ҳамеша зиндагӣ мекардаги ҳаст, бо оилаву фарзандҳо зиндагӣ мекардаги ҳаст, Худо нахоҳаду вале ягон фарзандиш касал мешад, ё ягон чиз мешад. Мисол коғазу қаламаш рост намегирад, ба беморхона ҳатман маблағ лозим мешавад, ки дар инҷо як ҳазор рубл ё панҷ ҳазор пул роли асосиро мебозад, ки метавонанд аз ин маблағ истифода кунанд». 

 Дар баррасии масъалаҳои 9 ва 10 Раҳимқулов Қ., Топилов Ш., Қушматов З., Имомназаров А., Абдувоҳидов А., Гаффуров Ҳ., Охонов Д., ва дигарон фаъолона баромад намуда, якчанд таклифу пешниҳодҳо шунида шуд.


 Аз он ҷумла:

1.Гаффуров Ҳ., Охонов Д., ва боз аксарият таклиф намуданд, бояд ҷаласаи охирон яъне ҷамъбастӣ дар моҳи август гузаронида шавад;

2.Қушматов З., Гаффуров Ҳ. пешниҳод карданд, руйхатти алоҳидаи қарзи додашуда бояд карда шавад бо фоизҳояш.

3.Бо таклифи аксарият Комилов А. аз - рубли бо фоизаш шуда, - маблағи қарзро дода, - -ро то ба мохи декабр бефоиз пардохт хохад кард.

4.Масъалаи Бобоназаров А. баррасӣ карда шуд, аксарият пешниход карданд қарзашро бояд бо фоизаш супорад.

5.Гаффуров Ҳ. ва боз якчанд нафар, пули қарз бо шартнома мисли банк ба қарзгиранда дода шавад.

6.Узганов Ф. дар телефон дар назди иштирокдорони ҷаласа ваъда дод, то рӯзи сешанбе - ҳазор рубли қарзгирифтаашро месупорад.

7.Оиди масъалаи қарзи Мирзоев Т. пешниҳод шуд ва бо телефон Раҳимқулов Қ. дар тамос шуда, чунин суханҳо садо дод. Тани қарз - то 01.10.2014сол пардохт хохад шуд, фоизаш то соли оянда мавқуф гузошта шуд. Вале фоизаш афзоиш намеёбад.

8.Имомназаров А. оид қарзи фоиз баромад намуда, инчизро аз нигоҳи мардуми мусалмон ҳаром хонд. Қайд намуд, бояд дигар намуди зиёд кардани роҳи пулро ёфтан лозим аст.


9.Ҷаласаи ҷамъбастӣ бо чунин суханҳо анҷом ёфта, то соли оянда фаъолияти намоёни ҶМР –ро хоҳиш намуданд.

 

 

 

 

Просмотры (72)  Комментарии (0)  Форум (Асоси)