Сделать свой сайт бесплатно

Реклама

Создай свой сайт в 3 клика и начни зарабатывать уже сегодня.

@ADVMAKER@
ПЕШНИХОДХО ВА САВОЛХОИ АЪЗОЁНИ ЧМР
Добавил: mmuull 10 июля 2013 21:38
Последний комментарий: maktabs 01 февраля 2015 15:01

Мо то кадри имкон ба хамаи саволхоятон посух хохем гардонд.

Просмотры (751)  Комментарии (36)  Форум (Асоси)
исроил 25.08.2013 в 15:22
Шахсоне,ки одамони ношинос ва аз деха берун ичозат дода нашават ба ЧМР!!!
mmuull 15.09.2013 в 09:20

Бародарони азиз, дустони гиромикадр агар ба шахсияти Шумоён расида бошем узри хешро мерасонем. Вале мутобики банди 8-и "Низомнома" -и ЧМР (оиди маблаги аъзохакки, тарзи афзоиши он танхо дар мачлсихои даврии ЧМР сухан ронда тахлил карда мешавад. Дар сайти ЧМР тахлили ба монанди амсоли ин мавзухо манъ аст). Бинобарин огох менамоем, ки суханхое, ки нисбати матнхои дар боло навишташуда зид мебошанд, агар ба сайт дохил карда бошед, аз хазинаи сайт бе огохии расми хорич карда мешавад. Шуморо барои маълумот гирифтан оиди фондхои ЧМР зарур аст, ки ба почтаи Раёсати ЧМР аз почтаи шахсии худатон (албатта Ному Насаб дарч гардад) нома навишта, баъдан маълумоти пурраро гирифтан сохиб мешавед. Албатта чавоби мактубатон ба почтаи шахсии худатон равона карда мешавад. Боз бар замми ин, сайти ЧМР танхо мавзухои Чамъият неву балки тамоми мавзухои дехаи Мулломирро дар бар мегирад.

Раёсати ЧМР.

daler1985 27.09.2013 в 08:42
САЛОМ АХЛИ ЧМР
daler1985 27.09.2013 в 19:48
DALERJON.Ман хохони онам ,ки Топилов. Ш вазифаи худро давом диханд.
mmuull 04.12.2013 в 09:35

Чавоб ба 22Latif: аз тарафи ЧМР.

 

Бародари азиз Мадаминов Латиф чи хеле медонем, асри 21 ин асри технологияи кампютери мебошад ва агар мо мактаб ва фаъолони Дехаро ба ин сайт даъват накунем хеч гох  ЧМР ва Деха пеш   намеравад. Бинобарин мо якчоя хаматарафа, ҳам ҶМР аввал бо мактаб ва сони бо деха хамкори бояд кунад.

Дуввум масъалаи тарафдори барои озмун яъне хавасманд кардани талабагон, донишҷӯён мо аллакай ба мактаб, ба шахсони фаъол ва ҳам дар сайт борҳо таъкид намудем, вале то ҳол аз тарафи ягон фаъоли Деҳа ба мо фикри моро тарафдор пайдо нашудааст ва ё чавоби мусби хам нафиристоданд.

Бояд мактаб  бо ЧМР ба алока барояд, яъне озмунро бояд бо хамкории мактаб эълон ва  аник хохем кард. Барои ин албатта маслихати омузгорон, шахсони фаъолро гирифта, дар иди Навруз аз якчанд фанҳо эълон менамоем. 
         Барои хавасманд кардани толибилмон дар озмун  на камтар 10-15 хазор рубли руссӣ маблағ бояд чудо карда шавад. Балки озмун на танҳо аз фанни физика, балки мо дар накша дорем ва аллакай инро дар баъзе мавзухо дар сомона хатто кайд кардаем, ин аз дигархои фанхои дакик, мусобикахои варзиши ба мисоли футбол, волейбол, гирбардори ва ҳоказо дар байни мактаббачагон, чавонон, ва байни чаҳор маҳаллаҳо гузаронида шавад ва голибон сохиби мукофоти пулли ва хам бо ифтхорномахои ЧМР кадрдони карда мешавад. Аммо барои ин бори дигар кайд менамоям хам хамкори мактаб бо мову ва хам хамкории Деха зарур мебошад, чунки бо маслихати хамдигар накшахоро амали намоем.

Бародари азиз Латиф барои пешниходатон ташаккур ва мо фикрхои чолиби ахли чавононро низ интизорем.

Бо эхтиром Раёсати ҶМР

man1958 11.12.2013 в 18:54
Salom
mmuull 12.12.2013 в 10:06

Ваалейкум бар салом мархмат ба сайти Мулломир. Фикру акидахои Шуморо интизорем.

man1958 13.12.2013 в 17:26
Об меравад, санг мемонад. Умр меравад, нанг мемонад.
man1958 14.12.2013 в 06:43
Хар касе бо чамъият хамдил шавад Бар сафи равшандилон нозил шавад
man1958 14.12.2013 в 08:16
Вахдат карор кардем Мехнат шиор кардем Ободии Ватанро Мо ихтиёр кардем
22latif 14.12.2013 в 14:38

Cалом хамватанон!

22latif 14.12.2013 в 16:49

Аввалан салом ба хамдиёрон ва раёсати ЧМРаз номи бахши ЧМРи дар шахри Барнаули ФР.


Аъзоёни бахш хамачониба акидахои шумоён нисбати пешравии деха,баланд бардоштани савияи дониши мактаббачагон ,ташкил намудани озмунхои фанни ,хамкории ЧМРва дехаро дастгири менамоем. Аммо як чизи мухимро кайд намудан зарур аст,ки дар мадхи аввал фаъолони деха ,худи сарварони мактабро бо тарзи истифодабарии технологияхои муосири компютери шинос намудан лозим.Аз ин лихоз на бо воситаи сайти Мулломир балки ,бо  иштироки зинда яъне чонии фаъолон ва намояндахои ЧМР,мактаб ва деха бо вохурии рубару ташкил намудани озмунхо бехтар аст.Зеро дарачаи дониши мактаббачагон дар сатхи хело паст карор дорад пешниходи аъзоёни бахш  хамин ки,дар мадди аввал аз фанхои зарури яъне информатика ва технологияи хозиразамон, забони руси, физмат, химбиология, англиси ташкил намудани озмунхо ба максад мувофиктар аст. Бе баланд бардоштани савияи дониши насли наврас мувафак шудан ба максад гайриимкон аст чунки аз интернет гуфтан аксари наврасон танхо ба таъсири гояхои гайриахлоки афтода инро кабул доранд. Инбошад дастгирии хаматарафаи мову шумо хамкори бо мактабро такозо дорад. бе вохурии рубару ва фахмондадихи аз чавоб надодани  онхо хафа шудани мо комилан нохаккист!

mmuull 15.12.2013 в 15:19

          Аввалан салом устоди мухтарам Охонов Ёкубчон Намозович, раёсати ЧМР бенихоят аз акидахои Шумо хурсанд аст ва гуфта метавонад, ки ба боварии ахли диёр шомил гашта, барои ободии деха, пешравт ва дигар самтхо сахми хешро хохад гузошт. Албатта мо он суханхое, ки Шумо дар боло зикр кардед, тарафдори намуда, хамчун шиори ахли ЧМР кабул дорем. Раёсати ЧМР чи хеле, ки ба накша даровардааст, дар арафаи иди Навруз мехохад байни толибилмон, чавонон ва ахли диёр озмунхои гуногун гузаронад. Бинобарин эхтиромона хохиш дорем, накшахои моро Шумо хамчун устод, фаъоли деха бо рохбарияти мактаб маслихат карда аз кадом фанхо озмун элон намоем дастгири намуда, дар амали намудани ин чорабинихо сахми хешро мегузоштед.

         Бехтар мешуд дар байни толибилмон озмун аз фанхои математика, физика, химия, забони русси, забони англиси ва технологияи информатсиони гузаронида шавад. Шахсоне, ки голиби озмун мегарданд, сохиби тухфахои номии ЧМР хоханд гашт. Дар байни чавонон ва наврасон бошад аз бозихои варзиши мисли футбол, волейбол, гирбардори ва дигархо гузаронида шавад.

            Бори дигар ташаккури зиёд устоди мехрубон  Ёкубчон Намозович ва ба корхои Шумо раёсати ЧМР муваффакиятхоро орзу дорад, умед дорад хамкории ЧМР бо шумо ва  дар шахсияти шумо бо мактаб, фаъолони диёр дар самтхои пешравти диёр  боз хам кавитар хохад шуд. Мехостем ин фикру акидаи Раёсати ЧМР -ро ба мактаб, директори мактаб Каюмов Бахтиёр мерасондед ва умедвор хастем ки директори мактаб низ  барои ташкил намудани озмунхо бо мо ба алока мебаромаданд ва яке аз муалимони фаъолро бо мо вобаста мекарданд.

 Бо эхтиром Раёсати ЧМР ш. Тюмень 15.12.2013с.

mmuull 15.12.2013 в 15:35

         Салом бародари мухтарам Мадаминов Латиф. Мо бисёр хурсанд хастем, ки бо Шумо дар як фазои сулху ороми ва зиндагии обод сухбат дорем ва нисбати комментарияхои пурмазмуну бахсталабатон ташаккури хешро баён менамоем. Бале мо фикру акидахои Шуморо тарафдори намуда, хулосахои хешро нисбати акидахоятон гуфтанием.

           Чун сухан оиди озмунхо рафт мо ба ахли фаъолони диёр мурочиат намудем, вале то хол чавоби мусби нагирифтем. Шояд суханхои Шумо низ хакикатхоеро дорост, вале чи хеле огах хастед, толибилмон то солхои 2000 – 2002 дар мактаби деха ба технологияи компютери дастраси надоштанд, вале шукрона мекунем, ки тараккиёт, пешрафт дар мактаби дехаи мо низ амали шуд ва ба чунин технологияхо низ дастарасихо пайдо шуд. Аммо чавононе, ки аз руи технологияи компютери тахсил нагирифтаанд, холо худомузи карда омухтанд, инчунин мисли Шумо ва дигарон ташкилкунандагони ЧМР ва хатто созандагони сайти Мулломир низ бо тарзи худомузи омухтаанд, ки имруз шабакаи чахонии интернетро истифода бурда метавонанд. Як чизро кайд кардан лозим аст, ки ба фикри банда имруз шахсе вучуд надорад аз технологияи компютериву шабакахои чахонии интернет хабаре надошта бошад. Мисол гирем агар 20 нафар чавонон дар як чо бошанд дар даруни онхо хастанд нисбати технологияи компютери сатхи донишашон паст, вале на кам аз 8-10 нафарашон бошад аллакай огоханд. Барои хамин мо наметавонем гуем, ки хамаро нисбати технологияи компютери дониши комил надоранд, баръакс онхо аскарияташон аллакай огох хастанд ва истифода бурда метавонанд.

           Нисбати вохурихои рубару, аллакай дар накшахои ЧМР ворид карда шудааст ва хатто дар чаласахои ЧМР дида баромада шуд ин масъала, яъне мохи март дар деха хамаи озмунхо, вохурихо бо иштироки тамоми мардуми деха баргузор хохад гашт. Раёсати ЧМР аз хамдехагон ягон хафагие надорад, вале Раёсати ЧМР мехохад  чавонон ва фаъолон дар ободии диёр, пешравихо накши бузург дошта бошанд ва барои дастгириашон омода аст.

           Бародари мухтарам, Шумо агар дар ин бора маълумоти пурратар гирифтан хохед бо хамин ракам 89323203133 дар тамос шуда ба саволхои иловагии хеш чавоб хохед гирифт ва ё ракамхои телефони мобилии хешро ба мо ирсол кунед, мо албатта худамон дар тамос мешавем.

 Бо эхтиром Раёсати ЧМР ш. Тюмень 15.12.2013с.

man1958 19.12.2013 в 16:12
Оиди озмун мехостам раёсати ЧМР лоихаи худро пешкаш кунад баъд он мавриди тахлил карор гирад
man1958 20.12.2013 в 07:09
Ба хазиначии ЧМР ТОПИЛОВ ШАРИФЧОН дар рузи мавлудашон тансихатй ва пешрафти кор хохонем
mmuull 21.12.2013 в 00:02

Зодруз муборак!!!


Имруз яке аз шахсони обруманди дехаи мо Шарифчон Топилов чашни зодрузи доранд. Бинобарин раёсати ЧМР дар ин рузи барояшон фаромуш нашавандаю муборак пеш аз хама барояшон саломатии бардавомро таманно дорад. Шумоки яке аз инсонхои хоксору фурутан, поквичдону некном хастед, орзуи онро мекунад, ки тамоми умратон бо хушиву хурсанди дар атрофи наздикону пайвандон ва дустони чони гузарад. Бароятон сарбаланди, хушихои рузгор, саодати зиндаги ва хайру баракатро ба хонадони шумо таманно дорад.


Чуноне шоире мегуяд:

 Аз баландахтар худоят умри човидон дихад,

Он чи фирузию бехрузист дар он аст он дихад.

Эй муборакруз хар рузат ба номи дустон,

Давлати нав дар таракки боду душман чон дихад.


Бо эхтиром раёсати ЧМР

mutavaliev 30.01.2014 в 10:51

                 Аввалан дуруд бар раёсати Чмр ва хамдиёрон. Бахши дар  Барнаулбудаи Чмр бо машварати аъзоёнаш агар кобили кабул ва макбули хамагон бошад ба хотири гуногунандеши, вахдати хаматарафаи хамдиерон, барои аз байн бурдани бадгумониву шубхаи баъзе аз хамдиёрон оиди пардохт ва чамоварии аъзохакки пешниходе доштем. Агар хуб мешуд хангоми чам овардани аъзохакки квитанцияхо таъсис дода мешуданду тамоми коргузорихо дар асоси санадхо яъне фактураву накладной ба чой оварда мешуданд. Хангоми пардохт аз чониби муштари шахси чамоваранда бояд як нусха чеки пардохтро ба муштари дихад ва нусхаи дигари он дар хазинаи Чмр хифз карда шавад. Дар як сол як маротиба аз чониби аъзоёнаш пеш аз мачлиси чамбастии солона дар мачлиси хармоха бояд ду нафарро аз мобайни аъзоён хамчун коммисияи тафтишоти интихоб намоянд то як хафта пеш аз мачлиси солона кори пешбурдаи Чмр-ро дар асоси санадхо санчида бароянд. Хаммаи хуччатхо бояд чун коргзории бухгалтери ба рох монда шаванд. Ин ба он хотир аст, ки нафароне дар мобайни хамдиёрон, яъне аъзоён ба микдори ангуштшумор бошад хам ёфт шуда истодаанд суханони беасосу по дар хаво, тухми шубхаро дар мобайни ахоли корида истодаанд. Фикр мекунем агар чунин коргузори намоем, ба натичаи назаррасе муваффак шуда кобили эхтироми аъзоён шуда метавонем.

mmuull 02.02.2014 в 13:30

Чавоб ба пешниходи Шохроч Точибоев

           Мухтарам Шохроч Точибоев,

           шумо  бо чунин логину айпи номер "shohroj92  IP 83.149.38.27 30 Января 2014"  ва худи хамон сана ба сахифаи "Пешниходхо ва саволхои аъзоёни ЧМР" пешниходе фиристода будед, вале аз сабаби он, ки пешниходи шумо зидди "Низомнома" -и ЧМР буд, ба сомона илова карда нашуд. Бинобарин аз шумо хохишмандем пеш аз навиштани ягон пешниход ва ё савол "Низомнома" -и ЧМР -ро аввал хонед, баъдан тахлил намоед ва сони хулосаи худро агар зидди хамон "Низомнома" набошад, илова намоед. Нисбати ба сомона илова нашудани пешниходатон агар маълумоти пурратар гирифтан хохед, номери телефони дастиатонро ба мо ирсол намоед мо албатта бо шумо дар тамос мешавем ё ин, ки ба раками мобилии 89323203133 занг занед. 

                                                                                                                                                                               ЧМР 02.02.2014

man1958 04.02.2014 в 08:14
Рузи пардохти аъзохакй сабт карда шавад ва чун сугурта барои истифодаи имтиёз расо як сол хукук дода шавад.
jasur 05.02.2014 в 05:29

Cалом

mashhur 14.02.2014 в 17:21

Салом ба ахли ЧМР

22latif 01.05.2014 в 17:36

Салом хамватанон ва дигарон ..Пешниходи мо ба раёсати ЧМР , ба хар касоне ,ки  ба чмр хакки аъзоги  месупоранд   ЧЕК ё КВИТАНЦИЯ дода шавад...Ба назари  мо норизогихо  хеле кам  мешуд...

Инчунин касоне ки ба спортзал пул месупоранд..

 

 

22latif 01.05.2014 в 18:03

Боз илтимоси мо ..Хуб мешуд натичаи озмунхоро менавистед..Ки чои якум ки чои дуюм ..Киба кадом фан чои якум... ва хоказо......   

mmuull 03.05.2014 в 14:45

Бародари азиз Латиф бисёр аз пешниходи Шумо мо мамнун хастем.

Оиди пешниходи якуматон чандбор монанди хамин гуна саволхо шуда буд, мо барои дар амал чори кардани чунин пешниходхо айни хол чора индешида истодаем, албатта ин чизро рузхои наздик ба амал хохем монд. Шояд аз чаласаи якум сар карда.

Оиди пешниходи дуюматон натичахои озмун кариб аввали мохи апрел ба сайт дохил карда шуда буд, ва шуморо зарур барои огох шудан аз мундаричаи сахифахо - страницы  истифода баред.

Як чахон ташаккур, саломат бошед. 

22latif 07.06.2014 в 19:20

Держите нас тоже в курсе пожалуйста.

mmuull 21.06.2014 в 17:37

Чавоб ба комментарияи Сангин Мусофир «najdak IP 83.149.37.44 20 Июня 2014»

Бародари азиз хуб мешуд, ки шумо шахсияти худатонро ба мо шинос мекардед. Ба саволхои шумо мо метавонем факат дар мачлисҳои даврии ҶМР дар байни тамоми аъзоёнаш чавоб дихем, на балки дар сомона. Чунки саволҳои шумо ҷавобҳои баҳсталабона дорад.

Вале мо кушиш мекунем Раёсати ҶМР ба як чанд саволатон ҷавоб гардонем.

Ҷавоб барои саволи 1. Маълумот оиди кӯмакҳои ҶМР агар хабардоршудан хоҳед шумо метавонед ба мо сурогаи почтаи электронии худатонро пешниход кунед ва баъдан мо ба почтаи электронии шахсии шумо мефиристонем. Дар он ҳолате, ки шумо бо ному насаби аслии худ муроҷиатнамоед.

Ҷавоб барои саволи 2. Оиди озодии сухан (СМИ) шумо агар бо ному насаби аслиатон ба мо муроҷиат менамудед, ҳатман мо ҳамаи комментарияҳои шуморо руи саҳифа меовардем. Баъдан агар мо шуморо шиносем, дар ҳақиқат аъзои ҶМР бошед мархамат, ба мо баъд суханҳои ҳақиқатталаби худро ошкорона бо номи аслии хеш кушода ва равшан дар маҷлисҳои даврии ЧМР пешниҳод кунед. Бар замми ин ману шумо точик хастем, забони модарии худро дорем метавонед шумо хакикатро бо забони модарии худ нависед. Агар хоҳиши бо мардум аз наздик кор карданро дошта бошед мо тарафдори шумо хастем ва номзадии шуморо низ дар маҷлисҳои даврии ЧМР илова хохем кард.

Ҷавоб ба саволи 3. Нисбати шеъру сухан агар шумо адабиётро дуст медоштед чунин сухан иброз намекардед. Он байтҳое, ки дар сомона ҷойгир шудааст, адабиётдустони аъзоёни ҶМР мебошанд, ки ба сомона илова намудаанд. Аҳсан барои байтҳои мусбиашон. Шумо техникаро дуст медоштед бо суханҳои хушку холи ба момуроҷиат намекардед, балки дар амалият ҷори мекардед. Ин суханҳои шумо танҳо иғвоангезона мебошад, дигар ягон ҷои ҳақиқат надорад. Чунки бароятон якчанд далелҳоро метавонем биёрем. Барои дастгирии толибилмон дар деҳа оиди илмҳои техникиву риёзиёт озмунҳои даври ҶМР эълон намуда, буд ва гузаронд. Тачриба чуноне, ки нишон дод, аз суи мисли шумо барин инсонҳои иғвоангезонанда, дар ҳаққи чунин озмунҳо суханҳои ноҳақ гуфтанд. Дар натиҷа моҳияти аслии ташкили чунин озмунҳоро ҷомеа нафаҳмиданд ва дигаргун қабул карданд. Бародари азиз шумо аввал оиди тараққиёти илми техникиву худи техника ягон лоиҳае дошта бошед марҳамат ба мо пешниҳод кунед, мо шуморо ва ахли чунин ҷомеаро дастгири менамоем.

Ҷавоб ба саволи 4. Мусофири Сангин агар ба раёсати ҶМР шахсоне, ки бовари надошта бошанд, муроҷиат намоянд бо номи аслии хеш то, ки моогаҳ бошем сабабаш дар чист. На мисли шумо аз пушти парда ба мо сухан иброз кунад.

Ҷавоб ба саволи 5. Агар оиди маблағ маълумот гирифтан хоҳед аввал Низомномаи ҶМР-ро хонед ва аз руи нишондоди хамон низомнома рафтор кунед.

Ҷавоб ба саволи 6. Ягон аъзои Раёсат то имрӯз бо хости худ маблағ сарф накардааст. Оиди ин масъала метавонед шумо дар маҷлис иштирок карда маълумот пайдо кунед.

Баъдан бори дигар бародари азиз пеш аз навиштани ягон сухан шумо сомонаи ҶМР-ро пурра хонед ва мавзухоро пурра тахлил намоед, сони фикратонро нависед, чунки он чизхоро ки шумо аз мо пурсидани хастед, аллакай дар сомонаи ҶМР оидаш маълумотҳо вуҷуд дорад. Низомномаи ЧМР –ро хонед ва тахлил кунед, баъдан комментарияи худро нависед, зеро он чизе, ки муқобилияти низомнома хаст мо руи сахифа нахохем овард.

Мо интизори он ҳастем, ки шумои азиз бо ному насаби аслии хеш ба мо муроҷиат хоҳед кард, вагарна ба ягон саволи худ посух нахохед гирифт!!!!

22latif 24.06.2014 в 19:00

Мехостем оиди чаласаи гузашта ягон чиз менавиштед?14 06 2014

22latif 28.07.2014 в 15:34

Салом хамкишлокон ва хамватанон хамаи шуморо бо иди рамазон табрик мекунам..

22latif 27.08.2014 в 18:48

Шахсони хакки аъзогиро супорида ба соли 2014 дар шахри Барнаули Р Ф.


Бекназаров Амонбой ,Бекназаров Бехруз,Абдувохидов Илес,Яминов Файзали, Искандар,Хочаев Абдурауф,Имомназаров Ориф,Мадаминов Латиф,Мадаминов Туйчибой,Рахматов Илхом,

22latif 25.10.2014 в 08:59

Руихати нави хакки аъзогиро супоридагон' Имомназаров Саидали ,Имомназаров Саъдулло,Мадаминов Туйчибой.,Усмонов Хикматчон.

mmuull 25.10.2014 в 10:17
22latif 25.10.2014 в 10:59

Руихати нави хакки аъзогиро супоридагон' Имомназаров Саидали ,Имомназаров Саъдулло,Мадаминов Туйчибой.,Усмонов Хикматчон.


Ба руйхат дохил карда шуд. Ташаккур.

 

22latif 15.11.2014 в 14:51

Обновите и упорядочте нашу таблицу. ПОЖАЛУЙСТА.!

mmuull 19.11.2014 в 10:11
Хуб шудааст, дархости шумо барои ичро кабул карда шуд.
maktabs 01.02.2015 в 14:48
Салом
maktabs 01.02.2015 в 15:01
Мусобикаи футбол волейбол байни дастахои махалахо гузаронида мешавад ё ин ки дар мактаб байни синфхо.агар дар байни махалахо гузаронида шавад хуб мешуд ки ба чои шашка дар мактаб волейбол ё футбол мусобика гузаронида шавад аз сабабе ки да мулломир вариш ба дарачаи баланд не ?