Сделать свой сайт бесплатно

Реклама

Создай свой сайт в 3 клика и начни зарабатывать уже сегодня.

@ADVMAKER@
НИЗОМНОМА
Добавил: mmuull 15 июля 2013 14:19
НИЗОМНОМАИ ҶМР

 

         Ҳар сол зиёда аз 400 нафар муҳоҷирон аз деҳаи Мулломир дар кишварҳои мухталифи Федератсияи Руссия (ФР) кору фаъолият менамоянд. Бо мақсади муттаҳид намудани онҳо, мунтазам огаҳ будан аз ҳолатҳои зиндагиву кории ҳамдигар, мусоидат намудан оиди тарғиби риояи қонунҳои амалкунанда, ташкил намудани хазинаи ёрӣ дар ҳолатҳои ногаҳонӣ ва дармондагӣ, ҳиссагузорӣ дар ободонии деҳа моҳи сентябри соли 2009 бо ташаббуси Қодиров Ҳошимҷон Қосимович ва Ғафуров Акрамҷон Эрматович Ҷамъияти Мулломириёни Руссия (ҶМР) ташкил карда шуд, ки он аз рӯи «Низомнома» -и махсуси худ фаъолият менамояд.

 

1.Шахсоне, ки бо мақсади муҳоҷирати меҳнатӣ ва ё соҳибкорӣ ба кишварҳои хориҷӣ мераванд, новобаста аз доимӣ ё мавсимӣ будани зист ва фаъолияташон аъзои ҶМР ҳисобида мешавад.

 

2.Ҳар  як аъзои ҷамъият дар давоми сол ба андозаи ҳазор рубли руссӣ ба хазинаи ҶМР ҳаққи аъзогӣ месупорад.

 

3.Маркази ҶМР дар ФР шаҳри Тюмен интихоб карда шудааст.

 

4.Хароҷоти маблағи хазинавии ҶМР мувофиқи «Низомнома» -и қабулшуда дар шакли зайл пешбинӣ шудааст:
4.1 ба ҳар як аъзои ҶМР дар ҳолати таъҷилӣ ба миқдори зарурӣ бо мӯҳлати муайян қарзи бефоиз дода мешавад;
4.2 дар ҳолати ба ягон аъзои ҶМР рӯй додани ҳодисаи нохуш (фавт) то ба Ватан дастрас кардани тобути он ба андозаи роҳпулӣ кӯмаки бебозгашт дода мешавад.
4.3 барои обод намудани деҳа, алалхусус барои таъмири қабристон, мактаб ва роҳҳои мошингард ҳар сол ба андозаи имконият кӯмаки бебозгашт дода мешавад.

 

5.Онҳое, ки ҳаққи аъзогиро намесупоранд аз узвияти ҶМР хориҷ карда шуда, аз истифодаи имтиёзҳои пешбинишуда маҳрум мегарданд.

 

6.Ҳар сол 30 – юми июн, 30 – юми июл ва 30 – юми август дар шаҳри Тюмен ҷамъомади умумии ҶМР бо иштироки вакилони дигар минтақаҳои Руссия гузаронида мешавад.

 

7.Хазинадори ҶМР оиди пардохти саривақтии ҳаққи аъзогӣ 30 –юми август дар ҷамъомади умумӣ ҳисобот медиҳад.

 

8.Ҳар сол моҳи март дар иди Наврӯз маҷлиси умумии ҶМР дар деҳаи Мулломир бо иштироки мардуми деҳа гузаронида мешавад ва вакили ҶМР оиди фаъолияти яксолаи ҷамъият ва сарфу хароҷоти солона ҳисобот медиҳад.

 

9.Раис ва ҳайати кории ҶМР дар муддати се сол як маротиба аз тарафи аъзоёни ҷамъият пешбарӣ карда шуда, дар сайти www.mullomir.ru  ба тариқи овоздиҳӣ интихоб карда мешавад.

 

10.Ҳар як аъзои ҶМР метавонад дар ҷамъомад иштирок намуда, фикру дархостҳои худро иброз намояд ва ё метавонад пешниҳодҳои худро ба воситаи сайти www.mullomir.ru ба саҳифаи баҳс ирсол намояд.

 

11.Дар сайти ҶМР риояи маданияти гуфтор ҳатмӣ буда, таҳқир намудани шахсият ва баҳсҳои таҳқиромез қатъиян манъ аст.

 

12.Оиди маблағҳои аъзохакки, тарзи афзоиш  танхо дар чаласахои даврии ҶМР сухан ронда тахлил карда мешавад. Дар сайти ЧМР тахлили ба монанди ин мавзухо манъ аст.

 

13.Ҳар як шахси ватандӯст, баору номус ва боғурури деҳа, ки узви ҷмр мебошад, бояд ҷавонмардӣ, инсонпарварӣ, меҳнатдӯстии худро дар мусофирӣ нишон дода, заррае бошад ҳам дар кори хайр ва ободии диёр саҳмгузорӣ намояд.
Просмотры (39)  Комментарии (0)  Форум (Асоси)