Сделать свой сайт бесплатно

Реклама

Создай свой сайт в 3 клика и начни зарабатывать уже сегодня.

@ADVMAKER@
ЧАЛАСАХОИ ЧМР
Добавил: mmuull 26 октября 2013 15:18

Чаласаи № 3

«Чамъияти Мулломириёни Руссия»

аз 22.09.2013сол.                                                                    ш. Тюмень

 

Иштирок намуданд:   зиёда

аз панчох нафар аъзоёни ЧМР.

 

         Пеш аз кушодани чаласаи ҶМР, сарназоратчӣ Қодиров Ҳошимҷон нисбати тарзи гузаронидани ҷаласа, оиди ташкилёбии ҶМР ва тарзи баёни комментарияҳо дар сомона баромад намуда қайд намуда, баъдан рузномаи ҷаласаро эълон кард:

     Дар вақти рафти чаласа бояд ягон савол надихед, чунки ин давомоти масъалаҳои  баъдиро халалдор месозад. Агар саволхо дошта бошед Шумо метавонед дар вакти рузномаи охирон яъне дар маррифии масъалаи чори дихед.  Худ медонед, ки тарзи гузаронидани чаласахо чи гуна мебошад ва чи тавр дар чаласа рафтор кард. Албатта баромад ва саволи хар як аъзоёни дар хаминчо буда ба назар гирифта мешавад. Акнун чаласаҳои навбати ба навор гирифта мешавад ва он рафторе, ки мекунед ё саволе, ки медиҳед сабт гардида ҳамчун як санади асоси дар архиви ЧМР нигоҳ дошта мешавад. Бинобарин бори дигар таъкид менамоям он саволхое, ки доред баъди чаласа дар муаррифии рузномаи охирон яъне масъалаи чори дихед. Баъд мо албатта саволхоятонро барраси менамоем. Агар ба саволҳоятон дар хамин чаласа чавоб нагиред, дар чаласаи оянда чавоб хоҳед гирифт, албатта саволҳоятон бе чавоб намемонад.

       Нисбати баёни сухан дар сомонаи ЧМР гуфтаниам, ҳар як сухан чое дораду ҳар як нуқта мақоме. Дар вақти навиштани комментарияхо эҳтиёткорона бошед, то ба нафси ягон шахс нарасед. Он сухане, ки баён менамоед аввал фикр кунед, баъд ба қолаб андозед агар навиштан лозим ояд, баъд нависед.

     Худ огах ҳастед ин Чамъият ҳамту пайдо нашудааст, балки бо меҳнати якчанд инсонҳо бо кушишҳову ғайратҳои зиёд ба вучуд омадааст. Албатта ин як хушбахтии ману шумост, ки чунин Чамъиятро ташкил намудем. Новобаста бар ин, Чамъият метавонад моро дар ҳолатҳои вазнин даст гирад. Чуноне бузургон мегуянд, Чакра-чакра чамъ шавад дарё шавад. Аз ҳамин хел суханҳо бармеояд, ки мо ҳамамон якчоя аз як гиребон сар барорему дасти ҳамдигар дар ин диёри бегона гирем. Пароканда сохтани дарё осон аст, вале ҳар як қатраи онро чамъ кардан, кори ҳар инсон нест.

Пароканда лашкар наояд ба кор,

Ду сад марди чанги беҳ аз сад ҳазор.

          Бародарон мо бояд байти мазкурро шиори худ сохта, барои пешбурди ин Чамъият якчоя саҳм гузорем.

 

Рӯзномаи ҷаласа:

 

1.Хисоботи раиси ЧМР Абдувохидов Абдукодир оиди нисбати соли сипаришуда;

2.Хисоботи хазиначи (мухосибот) Топилов Шарифчон нисбати соли сипаришуда;

3.Эълони раиси нав мувофики овоздихии умуми (овоздиҳи бо воситаи сайти ҶМР гузаронида шудааст);

4.Тахлили аризаи Йигитали Кузиев;

5.Чавобхо аз тарафи Раёсати ЧМР ба саволхои гузошташудаи мачлиси гузашта ва инчунин ба саволхои Бахши дар ш. Барнаулбуда;

6.Аъзохакки оиди соли 2014;

7.Тағйирот ба банди 8-и Низомнома (оиди чаласаи чамъбастии солона);

8.Оиди ворид кардани коментарияҳо ба барномаи баҳс;

9.Шиносоӣ, тарзи бакайдгузори ва истифодабарии сайти ЧМР;

10.Масъалаҳои ҷорӣ.

  

     Масъалаи 1. Нисбати ин масъала раиси ҶМР Абдувоҳидов Абдуқодир баромад намуда қайд кард: 


 

    Масъалаи 2. Нисбати ин масъала хазиначии ҶМР Топилов Ш. баромад намуда қайд кард:

 


     Масъалаи 3. Нисбати ин масъала Қодиров Ҳошимҷон баромад намуда, қайд кард:

       Интихоби раис бо тариқи сомонаи ҶМР 2 моҳ пеш оғоз гардида буд, санаи 20.09.2013с. соати 17:00 ба анчом расид. Мувофиқи овоздихии умуми барои интихоби раиси ЧМР, ки дар сайти ЧМР номзадии 3 нафар:

           1. Абдувоҳидов Абдуқодир;

            2. Ғафуров Акрамчон;

            3.Топилов Шарифчон.

гузошта буд, чунин натиҷабардори карда шуд. Дар овоздихии умуми чамъ 112 нафар овоздиҳандагон иштирок карданд ва ба:

    1. Абдувоҳидов Абдукодир - 47 нафар овоз додаанд, ки ин баробар аст ба 42.0 %-и овозҳо.

     2.Ғафуров Акрамчон – 54 нафар овоз додаанд, ки ин баробар аст ба 48,2 %-и овозҳо.

      3.Топилов Шарифчон – 11 нафар овоз додаанд, ки ин баробар аст ба 9,8 %-и овозҳо.

    Аз ин чунин хулоса бармеояд, ки бо гирифтани 48.2 %-и овозҳо Ғафуров Акрамчон ғолиб гардида раиси навбатии ҶМР гашт.

        Аз номи аъзоёни чавонони ҶМР низ номзадии як нафар, Қодиров Ҷаҳонгир пешниҳод ба сайти ҶМР гардида буд, вале бо сабаби номзадиро дер аз мӯҳлат пешниход кардан ва расман огоҳ накардани Раёсат, ба номзадии раиси ҶМР роҳ дода нашуд.

 

       Масъалаи 4. Нисбати аризаи Йигитали Қузиев сарназоратчии ҶМР Қодиров Ҳошимҷон баромад намуда, қайд кард:

 

         Ба унвонии раиси созмони ҶМР Абдувоҳидов Абдуқодир аз номи истиқоматкунандаи деҳаи Мулломир ва аъзои ҶМР Қузиев Йигиталӣ аризае ворид шудааст, ки матни онро ба диққати аъзоёни ҷаласа мерасонам:

Ариза

         Ман баробари навиштани ин аризаи худ аз шумо сарварони ЧМР, аъзоёни ЧМР, хохиш ва илтимос мекунам, ки мухлати карзи аз хисоби фонди ҶМР гирифтаамро ба мухлати як соли дигар дароз намоед ва фоизи онро низ камтар намоед. Ман хакикатан соли гузашта Н-рубли руси  бо изофаи хармохаи н -% аз хисоби фонди ЧМР карз гирифта будам. Бо холатхои ногувори бар сарам омада   алхол баргардонида наметавонам. Аз бас, ки холо дар ш. Барнаул мебошам ба раиси бахши дар Барнаулбуда Мадаминов Латиф ва сарназоратчии бахш Мутавалиев Эшбой бо ариза мурочиат карда хохиш намудам то аризаамро ба шумоён расонанд.

 

Аризадиханда                                        Кузиев йигитали

Сана 12.09.2013сол.

 

          Дар хакикат ин шахс яъне Йигитали Кузиев ба мо бо ариза мурочиат карданд ва ман ин аризаро хамчун санади ягона гирифта мондам. Ман хамчун  раиси бахши ЧМР аз шумоён сарварони ЧМР ва аъзоёни ЧМР хохиш мекунам, аризаи ин шахсро дар чаласаи навбатии ЧМР дида баромада,  то кадри имкон фоизи карзашонро махдуд намуда,  мухлати баргардонидани карзашонро дароз менамудед. Зеро дар холате ки ин кас доранд ба гумон аст бо изофа дода тавонанд.

Бо эхтиром раиси бахши ЧМР, Мадаминов Латиф.

 

        Масълаи 5. Нисбати саволҳои аз тарафи аъзоёни ҶМР шуда ва аз тарафи бахши дар ш. Барнаулбуда сарназоратчии ҶМР Қодиров Ҳошимҷон баромад намуда, қайд кард:

     Ба унвонии Раёсат аз тарафи аъзоёни ҶМР ва Бахши дар ш. Барнаулбуда, дар чаласаҳои навбатии гузашта саволҳои зиёд ворид гардида буд. Ба аксар саволашон аъзоёни ҶМР аз тарафи Раёсат ҷавоб гирифтаанд. Вале мо имрӯз итминон гирифтем боз ба якчанд саволҳои гузошташуда ҷавоб гардонем. Саволҳои асосии пешниҳодшуда чунин аст:

     1.Боре Рустамов Бунёд дар ш. Тюмень паспорташро гум карда бе маблағ монда азоб кашида, барои кумак ба сарварони ЧМР мурочиат намудааст, лек касе ба имдодаш нарасидааст. Бинобар ин шахс аз ЧМР дилмонда шудааст. Сабаби рад шудани илтимосаш дар чист? (Бахш)

      2.Фонди ҶМР айни ҳол ба чи кадар омада расидааст? (Бахш)

      3.Маблағи фонд дар кӯҷо нигоҳдорӣ карда мешавад? (Бахш)

     4.Дар давоми сол ба киҳо кумак карда шуд, бо кадом максад ва чанд миқдор? (Бахш)

    5.Н ҳазор рубл дар хазинаи ҶМР нигоҳ дошта шавад ва дар аввали моҳи муҳоҷирати меҳнатӣ ба аъзоёнаш то як моҳ бефоиз бо миқдори муайян дода шавад. (Қушматов З)

    6.Н ҳазоре, ки маблағ дар хазинаи ҶМР вуҷуд дошт имрӯз ба чанд қадар расидааст? (Ғафуров А.)

     7.Барои хазиначӣ маош ҷудо карда шавад? (Ашуров З.)

   8.Раиси ҶМР ба мӯҳлати аз 3 то 5 сол пешниҳод карда шавад? (Мадалиев А.)

     9.Масъалаи аъзоҳаққӣ дар деҳа амалӣ карда шавад? (Мадаюбов Б.)

    10.Истиқоматкунандагони дигар деҳа ё ин, ки дигар ноҳия ба аъзогии ҶМР дохил карда нашавад, чунки байни инсонҳо баъзе суханҳо дар баъзе ҳолатҳо шуданаш мумкин? (Қузиев Т. ва дигарон якчанд нафар)

 

          Масъалаи 6. Аъзоҳаққӣ оиди соли 2014

          Оиди масъалаи аъзоҳаққӣ нисбати соли 2014 бо назардошти инфилиятсияи маблағ, аъзоҳаққӣ ба миқдори ҳазор рубли руссӣ муайян карда шавад ва ин тағйирот ба банди 2-и «Низомнома»-и ҶМР ворид карда шавад.


                        Масъалаи 7. Тағйирот ба банди 8-и Низомнома (оиди чаласаи чамъбастии солона).


    Оиди ҷаласаи ҷамбастии солонаи ҶМР мутобиқи банди 8-и «Низомнома», ки 30 –юми декабр мебошад, ба ҷашни иди наврӯз гардонида шавад. Сабаб дар ҷашни иди наврӯз ҳамаи аҳолии деҳа ба якҷо сарҷамъ мешаванд. Баъди тағйироти рӯзи ҷаласаи солона ба «Низомнома» низ ворид карда шавад.

         Масъалаи 8. Оиди ворид кардани комментарияҳо ба барномаи баҳс ва одоби сухан

            Бинобарин мутобиқи банди 12-и "Низомнома" -и ҶМР (оиди маблағи аъзохаққӣ, тарзи афзоиши он танҳо дар мачлисҳои даврии ҶМР сухан ронда таҳлил карда мешавад. Дар сайти ҶМР таҳлили ба монанди амсоли ин мавзуҳо манъ аст) ва банди 13–и «Низомнома» (дар сайти ҶМР риояи маданияти гуфтор ҳатмӣ буда, таҳқир намудани шахсият ва баҳсҳои таҳқиромез қатъиян манъ аст). Бинобарин огоҳ менамоем, ки суханҳое, ки нисбати матнҳои дар боло навишташуда зид мебошанд, агар ба сайт дохил карда шавад, аз хазинаи сайт бе огоҳии расмӣ хориҷ карда мешавад. Шуморо барои маълумот гирифтан оиди фондхои ҶМР зарур аст, ки ба почтаи электронии Раёсати ЧМР аз почтаи шахсии электронии худатон (албатта Ному Насаб дарҷ гардад) нома навишта, баъдан маълумоти пурраро гирифтан сохиб мешавед. Албатта чавоби мактубатон ба почтаи шахсии худатон равона карда мешавад. Боз бар замми ин, сайти ҶМР танҳо мавзуҳои Ҷамъият неву балки тамоми мавзуҳои деҳаи Мулломирро дар бар мегирад.

            Бародарони азиз агар зид набошед ба сайт номи «Паёми кӯҳсор» дода шавад.

 

      Масъалаи 9. Шиносоӣ, тарзи бакайдгузори ва истифодабарии сайти ЧМР

   Оиди сайти ҶМР дар барномаҳои Ҷамъияти монанди «Одноклассники» пурсишномаҳо гузаронида шуд, ки дар ин пурсишнома 55 нафар иштирок карданд ва ба саволи «Сайти ҶМР ба Шумо писанд омад?», ки 4 вариант дошт, давоми 3 ҳафта дар пурсиш буд, чунин ҷавобҳо пешниҳод шуд:

    1.Аъло -  42 нафар буда, ин 76,4 %-ро ташкил намуд;

    2.Сайти беҳтарин – 9 нафар буда, 16,4%-ро ташкил намуд;

    3.Наонқадар – з нафар буда, 5,4%-ро ташкил намуд;

    4.Ба ман маъқул нест – 1 нафар буда, 1,8%-ро ташкил намуд.

   Бинобарин аз натиҷаи пурсишнома, ки 92,8%-и он ҷавоби мусбӣ аст, сайтро беҳтар гуфтан мумкин аст.

 

       Масъалаи 10. Дар масъалаҳои ҷорӣ чунин пешниҳодҳо ва саволҳо аз тарафи аъзоёни ҶМР шуд:

    Сарназоратчии ҶМР Қодиров Ҳошимҷон нисбати беҳтар шудани фаъолияти Ҷамъият чунин пешниҳодҳо намуд:

     - ба ҳар шахсе, ки қарзи фоизнок дода мешавад, хуб мешуд бо гувоҳии 2 нафар ва аз миқдори муайяни сад ҳазор рубл зиёда надиҳанд;

       - беҳтар мешуд агар қарзи фоизноки моҳонаро ба шахсони бегона н- фоизаву ба аъзоёнаш н -фоиза дода шавад;

    - ба аъзоёни ЧМР, шахсоне, ки ҳаққи аъзогиро намесупоранд руйхатти СИЁҲ (черный список) кушода шавад, ба мисоли:

     а) дар сомона номгуи онҳо эълон карда шавад,

     б) аз тарафи ЧМР ба онҳо ёри дода нашавад,

     в) дар  чаласаҳои умуми (иди навруз) номҳои онҳо дар назди мардум хонда шавад.

        - ба филиали ЧМР –и ш. Барнаулбуда ичозат дода шавад, ки дар хазинаашон панҷоҳ ҳазор рубл нигоҳ дошта, боқимондаҳои маблағро ба хазинаи худи ЧМР ирсол намоянд;

     - дар хазинаи Раёсати ЧМР ба миқдори сад ҳазор рубл барои ҳолатҳои фавқулода нигоҳ дошта шавад;

        - хуб мешуд солҳои наздик яке аз филиали бонкҳои Чумҳуриро дар деҳаи худамон мекушодем, барои интиқоли пулҳо. Албатта барои ин аз худи деҳа як мутахассис даркор ва ҳам маблағҳои лозимиро бо фоизи пастаррин мардум дар худи деҳа гирифтан мушарраф мегаштанд;

       - барои бурдани корҳои бонки дар деҳа, ва инчунин барои ташкили филиал беҳтар мешуд, ягон нафарро ҳамчун мутахассис аз худи деха пешбарӣ карда шавад;

     - дар кадом шаҳре, ки зиёда аз чил нафар истиқоматкунандагони дехаи Мулломир ҳастанд, хуб мешуд ҳуқуқи кушодани филиали ЧМР дар ҳамон шаҳрро дода шавад;

    - ҳамаи ҳуччатгузориҳои филиалҳо  дар асоси ҳуччатгузориҳои Раёсат асоснок намуда, баъдан ҳуқуқи қабули қарорро дода шавад;

   - аризаҳову дархостҳои аъзоён ба почтаи электронии Раёсат (jmr@mullomir.ru) ё ин, ки (mullomir@bk.ru) фиристода шавад;

       - интихоби раиси ҶМР ба мухлати 3 сол муайян карда шавад;

       - барои ободонии ду маҳалла си ҳазор рубл чудо карда шавад;

      - масъалаи чаҳорсад ҳазораро агар ягон шахс ба уҳдааш гирад, ки на дертар аз як моҳи майянгашта месупорад, баъдан амалӣ карда мешавад;


Пешниҳодҳои аъзоён

      Топилов Туйчибой нисбати қарзи фоизноки ЧМР пешниҳод намуд: барои ҳамаи инсонҳо ба миқдори фоизи ягона қарз дода шавад.

      Имомназаров Алиҷон: раис аз ҳаминҷо бояд интихоб шавад яъне муқими ш. Тюмень бошад.


Таҳлили масъалаҳои ҷорӣ

      Нисбати масъалаи Бобоназаров Алишер қариб зиёда аз як соати астрономӣ баҳсу мунозира барпо шуд. Дар ин баҳс қариб тамоми иштирокдорони ҶМР фикрҳояшонро баён намуданд.

     Баъдан таҳлили аризаи Йигитали Қузиев шуруъ шуда ҳамагон низ дар таҳлилаш иштирок карданд ва фикру ақидаҳо баён карда шуд, вале аъзоёни ҶМР ҳама бо як овоз пешниҳод карданд, ки маблағи гирифтаашро то мӯҳлати ду моҳ ба миқдори сад фоизааш  бозгардонида ба хазинаи ЧМР супорад.

      Интихоби раис, ки  дар сомонаи ЧМР шурӯъ гашта буд, аз тарафи як гурӯҳ аъзоёнаш, ки дониши мукаммал нисбати илми технологӣ надоранд пазируфта нашуд. Ин овоздиҳиро пушти дари баста ва махфӣ (секрет), чашмбанди хонда зиддияти худро нисбати интихоби раиси ҶМР аъзоёнаш Имомназаров Ёсинҷон ва Имомназаров Алиҷон баён намуданд. 


       

     Ҳамин тариқ боз нисбати ин масъала аз тарафи аъзоён чанд фикру мулоҳизаҳо баён карда шуда, қарор карданд, ки бояд интихоби раис дар чаласаҳо гузаронида шавад ва маблағи хазинаи ҶМР ба тарзи нақд ба раиси нав гузаронида шавад.

    Масъалаи ҷаримаи УФМС нисбати Топилов Сарҳад дида шавад гӯён аввал сарназоратчӣ ва баъдан Бобоназаров Алишер, Абдувоҳидов Абдуқодир, Қушматов Зарифҷон ва Топилов Туйчибой ва дигарон сухан намуда, масъалаи Топилов Сарҳад пешниҳод ва муаррифи карда шуд. Ба падари Топилов С. дар рафти чаласа занг заданд, ҳолат ва шароити фарзандашонро муҳокима карда, баъдан ба худи Топилов С. низ занг заданд ва телефонашро бардошт ҳамроҳаш сарназоратчӣ сухан карда масъалаи ҷаримаи УФМС-ро баррасӣ кард. Топилов С. аввал гуфт ман ба падарам занг мезанам, маблағи ҷаримаи УФМС-ро падарам ба Бобоназаров А. медиҳанд, вале баъди чанде муддат боз қарорашро дигар намуд ва қайд кард кай ба Руссия ояд баъдан медиҳад;

       Ҳамин тавр боз чанд масъалаҳои дигар баррасӣ ва таҳлил карда шуда, чунин қарорҳо қабул карда шуд.

 

Қарор қабул карда шавад:

 

     1.Ҳисоботи раиси ҶМР нисбати солҳои сипаришуда ба инобат гирифта шавад.

     2.Ҳисоботи хазиначӣ (муҳосибот) нисбати солҳои сипаришуда ба инобат гирифта шавад.

  3.Интихоби раис бо сомона бекор карда шуда, вазифаи роҳбарии ҶМР-ро то санаи  20.09.2014сол. Абдувоҳидов Абдуқодир давом диҳад.

    4.Аризаи Йигитали Қузиевро барраси намуда, ба мӯҳлати ду моҳ вақт дода шавад, ки то маблағи гирифтаашро бо фоизаш бозгардонида ба хазинаи ҶМР оварда супорад.

  5.Саволи Рустамов Бунёд беасос ҳисобида шавад. Чунки ба ягон раёсати ЧМР мурочиат накардаст ва тасдикоти худро наёфтааст.

  6. Ба саволҳои аъзоёни ҶМР -и дар ш. Барнулбуда ҷавобашро ба почтаи электрониашон фиристода шавад.

  7.То соли 2015 ба ягон аъзои раёсати ҶМР маош ҷудо карда нашавад.

  8.Мӯҳлати роҳбарии ҶМР ба як нафари интихобшуда то 3 сол муқарар карда шавад.

   9.Ба аъзогии ҶМР шахсони бегона қабул карда нашавад.

  10. Аз соли 2014 бо назардошти инфилиятсияи маблағ, аъзоҳаққӣ ба миқдори ҳазор рубли руссӣ муайян намуда, ин тағйиротро ба банди 2-и «Низомнома»-и ҶМР ворид карда шавад.

  11. Ҷаласаи ҷамбастии солонаи ҶМР мутобиқи банди 8-и «Низомнома», ки 30 –юми декабр мебошад, ба ҷашни иди наврӯз гардонида шавад ва ин тағйирот ба Низомномаи ҶМР ворид карда шавад.

  12.Ба сомонаи ҶМР номи “Паёми кӯҳсор” дода шавад.

  13.Қарзи фоизнок бе гувоҳии ду нафар ва зиёда аз сад ҳазор рубл ба як нафар дода нашавад.

  14.Қарзи фоизнок ба тамоми аъзоёнаш ва ҳам бегонагон ба миқдори ҳафт дар сад дода шавад.

  15.Шахсоне, ки ҳаққи аъзогиро намесупоранд, дар сомона ба руйхатти СИЁҲ дохил карда шуда, номгуи онҳо эълон карда шавад, аз тарафи ЧМР ба онҳо ёрии модди дода нашавад ва дар  чаласаҳои умумӣ номҳои онҳо дар назди мардум хонда шавад.

  16.Қарор қабул карда шавад, филиали ЧМР –и дар ш. Барнаулбуда дар хазинаашон  панчох хазор нигоҳ дошта, боқимондаҳои маблағро ба хазинаи худи ЧМР ирсол намоянд.

  17.Дар хазинаи Раёсати ЧМР ба миқдори сад хазор барои ҳолатҳои фавқулода нигоҳ дошта шавад.

  18.Дар кадом шаҳре, ки зиёда аз чил нафар истиқоматкунандагони дехаи Мулломир дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳастанд, ҳуқуқи кушодани филиали ЧМР дар ҳамон шаҳрро дода шавад.

  19. Барои ободонии ду маҳалла си хазор рубл чудо карда шавад.

  20.Ба Топилов Сарҳад аз хазинаи ҶМР панч хазор ҷудо карда шуда ба Бобоназаров Алишер дода шавад. Топилов Сарҳад аз ҶМР қарздор ҳисобида он маблағро ба хазинаи ҶМР оварда супорад.

  21.Масъалаи Бобоназаров Алишер ба чаласаи охиронаи ш. Тюмень соли 2014 гузошта шавад.

  22. Аз раиси пешина ба раиси навинтихобгашта гузаронидани маблағи ҶМР ба тарзи нақд амалӣ карда шавад.

 

 

 Раиси ҶМР:                                                   Абдувоҳидов А.

Хазиначӣ ҶМР:                                              Топилов Ш.

Сарназоратчӣ ҶМР:                                       Қодиров Ҳ.

Сана 22.09.2013сол. ш. Тюмень ФР.

 

 

ҶАЛАСАИ № 2

«Чамъияти Мулломириёни Руссия»

аз 25.08.2013сол.                                                                    ш. Тюмень

 

Иштирок намуданд:   аъзоёни ЧМР,

Топилов Ш. – хазиначи (мухосибот),

                                                                                Абдувохидов А. – раис.

 

Рузномаи ҷаласа:

1.Оиди сохтмони синфи варзиши баромади Топилов Ш.

2.Хисоботи хазиначи оиди чамбасти соли 2012

3.Хисоботи раиси ҶМР Абдувоҳидов А. оиди чамбасти соли 2012

4.Интихоби котибони раис

5.Оиди сайти ЧМР –www. mullomir.ru

6.Масъалахои чори.

 

    1.Топилов Ш. – аввал чаласаро кушода эълон намуд. Баъдан оиди масъалаи сохтмони синфи варзиши сухан намуда кайд кард, ки вазъи чамъоварии маблаг каноатбахш буда, холо аксар инсонхо насупоридаанд. Вале бар ин нигох накарда, як саду си нафар маблаге, ки ба микдори ҳазор рубли русси супорида буданд хамаги ба як саду си хазор баробар мебошад. Пайгоме нисбати ду нафар баён намуд, ки аз хисоби худ Кушматов Зарифчон ба сохтмони синфи варзиши сад хазор  рубли русси ва Абдувохидов Абдукодир панҷ хазор рубли русси   пардохт намуданд. Нисбати Кушматов Зарифчон тамоми аъзоёни ЧМР ва шахрвандони дехаи Мулломир барои дастгирии сохтмони синфи варзиши миннатдории худро изхор намуда таъкид карданд ин гуна дастгирихо аз тарафи чавонони баору номуси Деха бори аввал набуда, балки чун анъ-анъа давом хохад кард.

 

     2.Хисоботи хазиначи оиди чамбасти соли 2012 то 25.08.2013 - Топилов Ш. баромад намуда кайд кард, ки дар давоми соли 2012 вазъи супоридани аъзохаккии шахрвандон каноатбахш буда, аз 400 нафаре, ки ба мухочирати мехнати омада буданд, танхо 200 нафарашон хакки аъзогиро супоридаанд, ки ин хамаги як саду бист хазор рубли руссиро ташкил менамояд. Соли 2012 барои таъмири рохи мошингарди Деха -15000 рубли русси, ободонии ду махалла ба хар якеашон -15000 рубли русси чамъ -30000 рубл ва барои чихозонидани як синфхонаи мактаби №26 -14500 рубл, бунёди ошхонаи нав дар мактаб -20000 рубл, бахшида ба рузи 8-уми март «Иди занон» тухфахои ЧМР ба пиронсолони Деха -100 сомони, барои фарохам овардани чои нишасти хонаи маданият (клуб) -560 сомони, ки хамаги 83800 рубли руссиро ташкил намуд аз суратхисоби ЧМР ҳамчун ёрдами доимӣ таъмин карда шуд.

 

    3.Хисоботи раис оиди чамбасти соли 2012 то 25.08.2013 – Абдувохидов Абдукодир баромад намуда кайд кард, ки ЧМР дар асоси «Низомнома»-и худ амал намуда, нисбати аъзоёнаш дар давоми сол якчанд маротиба, кумаки карзии пули аз суратхисобаш ба мухлати муайян расонидааст.

 

     4.Нисбати интихоби котибони раис аз 4 махалла, 4 нафар бо таври ризогии умум интихоб гардид, ки инхо:

1.махаллаи «Навобод» - Хусенбоев Куйлибой;

2.махаллаи «Марказ»    - Бекназаров Чамшед;

3.махаллаи «Сомон»      - Охонов Далерчон;

4.махаллаи «Чавонон»  - Мадалиев Абдурасул буда, барои бурдани корхои ташкили сафарбар карда мешаванд.

 

      5.Оиди сайти ЧМР – мутахассиси сайт баромад намуда, хозиронро бо номгуи маълумотхои чойгиршуда, шинос намуд ва кайд кард, ки дар сухбатхои интернети, райдихии интернетии интихоби номзадхо фаъолона иштирок намоянд.

 

     6.Аз тарафи аъзоёни ЧМР – Гафуров А., Кушматов З., Бобоназаров А., Мирзоев Т., Раимкулов К., Мадалиев А., Имомназаров О., Ашуров З., Мадаюбов Б., Абдувохидов А., Кузиев Т. ва дигарон саволхои иловаги ба хайъати раёсати ЧМР дода шуд, ки нисбати ин саволхо дар суратчаласаи оянда аз тарафи раёсати ЧМР посух хоханд гирифт.

 

Карор кабул карда шуд:

 

1.Суратчаласаи навбатии ЧМР санаи 22.09.2013с. соати 11:00 баргузор гардад;

2.Хисоботи чамбастии раёсати ЧМР дар санаи 22.09.2013с. ба диккати аъзоёнаш расонида шавад;

3.Ба саволхои аз тарафи аъзоён додашуда, дар суратчаласаи оянда посухи пурра гардонида шавад.

  

Раис                                                                     Абдувохидов А.

Хазиначи                                                                Топилов Ш.

Сана: 25.08.2013сол. ш. Тюмень ФР.

  

 

ҶАЛАСАИ № 1

Бахши ЧМР дар ш. Барнаул

аз 08.09.2013                                                                                   ш. Барнаул Иштирок намуданд: аъзоёни ЧМР

 

      Дар санаи 8-уми сентябри соли чори дар ш. Барнаул нахустин чаласаи бахши  ЧМР бахшида, ба кушодашавии филиал (минбаъд бахш) ба кори худ огоз намуд ва баргузор гардид. Дар чаласа 60%-и (фоиз) хамдиёрони дар ин шаҳр буда  иштирок намуданд. Бокимонда 40 фоизе , ки бо сабабхои аз шахр дур буданашон иштирок карда натавонистанд, вале тарафдор будани худ ва ба аъзохакки фаъол буданашонро изхор карданд.

 

     Чаласаро ҳамчун ташкилотчи Мутавалиев Эшбой  огоз намуд ва хозиронро ба бандубасти «Низомнома», максад ва маром, сабаби ташкилдихи, ва пешбарии номзадхо ба раисӣ, мухосиб, аъзоёни комиссияи тафтишоти шинос намуд. Номзадхо бо дастгирии аксарият ва банду басти Низомнома ба мухокимаи умум гузошта шуда, бо тахлилёби кабул шуданд.

         1.Мадаминов Латиф -раиси бахш;

          2.Абдувохидов Охон –мухосиб (хазиначи);

          3.Охонов Хушнуд, Имомназаров Гайрат,  Каюмов Карим -аъзоёни коммиссияи тафтишотӣ интихоб шуданд.

 

         Мадаминов Латиф ҳамчун раис  тарзи истифодаи фонди филиал ва пешбарии онро фахмонид. Дар охир хамчун сарназоратчи таъин намудани Мутавалиевро пурсон шуд, ки дигарон низ қабул намуданд.

Низомнома

       1.Бахши дар ш. Барнаулбуда як узви чудонопазири ЧМР мебошад;

    2.Шахсоне, ки ба ин шахр бо максади кор ё тичорат меоянд, узви бахш ба хисоб мераванд;

   3.Бо максади  курби худро гум накардани асъор аъзохакки ба 20 доллари ИМА  мукаррар гардид ки алхол ба 600 рубли русси баробар аст;

     4.Маблаги чамъшуда хамчун бучаи захиравии бахш дар хамин шахр бояд нигох дошта шавад;

    5.Дар низомнома хеч гуна кумак аз хисоби фонди бахш ба накша гирифта нашудаанд. Сабаб аъзоёни дар ин шахр буда хамаги 15 фоизи  мухочирони аз диёр бударо ташкил медихад, ки дар суръати пурра ичро гардидан бисту панҷ ҳазору ду сад рубли руссиро ташкил медихад. Хадди аккаллияти фонд на кам аз як саду панҷоҳ ҳазор бояд бошад. Баъди ин мешавад панҷоҳ дар сади маблаги солонаро ба фонди кумак ба ободии диёр сарф намуд;

     6. Шахсоне, ки аъзохаккиро намесупоранд аз имтиёз ба кумакпули маҳрум мегарданд.

    7.Бахш мустакилона дар суръати зиёда аз 60 дар сади аъзоёнаш иштирок намоянд ва хамин микдор овоз диханд карор кабул карда метавонад ва мустакил амал менамояд.

    8.Дар як сол як маротиба сандуки хайрия ташкил намуда  маблаги чамъшуда ба ободи мактаб фиристода шавад.

    9.Аз хисоби фонди чамъшуда ба чунин тарз кумакпули нишон дода мешавад.

    9.1 барои бакайдгири ва гирифтани патент.

   9.2 ба рафиконе, ки барои гирифтани ,,Вид на жительство" хуччат месупоранд (кумаки карзии бефоиз ба мухлатти то 15 шабонаруз.

   9.3 бо сабаби ба беморхона афтидан (кумаки карзии бефоиз то як мох) ва ё ягон ходисаи нохуш ки фавран мухточи кумак мегардад.

     9.4 кумаки бебозгаш дар холати фавт барои харочоти рох.

   10. Дар «Сбербанк» суръатхисоб кушодан ва гузоштани маблаги фонд бо фоизхои муайяни амонатгузори ба мухлатти 6 мох ва минъбаъд зиеда аз он.

     11.Сари вакт хисобот додан ба хамдехагон ва маркази ЧМР.

    12.Шахсоне, ки аз дигар шахр солхои минбаъда ба ин шахр меоянду аъзохаккиро ба фонди ЧМР ба марказ супоридаанд ва ё бори аввал меоянд аъзои комилхукуки бахш мансуб ёфта,  аз кумаки карзи истифода бурда метавонанд.

    13.Бародароне, ки ба фонди филиал аъзохакки намесупоранд, метавонанд ба фонди ЧМР- и марказ супоранд. Ин хамма ба хисоб гирифта мешаванд.

 

РУИХАТТИ БАРОДАРОНИ ДАР БАРНАУЛБУДА ТО САНАИ 9- СЕНТЯБРИ СОЛИ 2013.

 

1.Абдувохидов Охон (чавонон) ба соли 2013.

2.Абдувохидов  Илёс (марказ) ба соли 2013.

3.Бобоназаров Шоирчон (навобод) соли 2012; 2013.

4.Бекназаров Амонбой (навобод) 2013;

5.Бекназаров Бехруз 2013.

6.Имомназаров Гайрат(навобод) 2012; 2013.

7.Имомназаров Далер 2012; 2013.

4.Исроилов Исомиддин (навобод) 2012, 2013.

5.Имомназаров Сухроб (марказ) 2013.

6.Кодиров Зиёмиддин 2013.

7.Кушбоев Шоир(марказ) 2013.

8.Мадаминов Латиф (чавонон) 2009, 2010, 2011, 2012, 2013.

9.Мадаминов Туйчибой (марказ) 2012; 2013.

10.Мутавалиев Эшбой (навобод) 2012; 2013.

11.Рахимкулов Содик (навобод) 2012, 2013.

12.Рахимкулов Сухроб (марказ) 2013.

13.Рустамов Гайрат (навобод) 2013.

14.Рахимкулов Авазмат (навобод) 2013.

15.Худойбердиев Хаким (марказ) ба соли 2012 минус ба соли 2013 дод.

16.Яминов Хамрали (чавонон) 2012, 2013.

 

      Дар боло танхо руихати бародароне ки дар чаласа аъзохаккиро ба солхои пешин ва имсола додаанд оварда шудаанд. Бокимонда насупоридагон низ ваъда намуданд дар рузхои наздик месупоранд. Алхол 21 нафар ба соли 2013, 9 нафар ба соли 2012, як нафар ба солхои пешина хамаги н- рубли русси ба фонди бахши ЧМР гузаронида шуд. Мо то санаи 21-уми сентябр маълумоти пурраро пешкаш менамоем.

 

 

 

Просмотры (108)  Комментарии (0)  Форум (Асоси)