Сделать свой сайт бесплатно

Реклама

Создай свой сайт в 3 клика и начни зарабатывать уже сегодня.

@ADVMAKER@
ТАРОНА, СУРУД ВА ЛАТИФА
Добавил: mmuull 03 ноября 2013 23:21
Последний комментарий: man1958 16 марта 2014 05:06

САХИФАИ ТАРОНАВУ СУРУДХО ВА ЛАТИФАХО

    
Просмотры (3691)  Комментарии (526)  Форум (Асоси)

Страница: [1] [2] [3] [4] [5] [6] [7] [8] [9] [10][11]
mmuull 04.11.2013 в 00:17

          Озмун-махфили шеъру таронахо, ки бахшида то иди Навруз идома дошт, хусни анчом гирифт. Инак рузхои наздик голиби озмун як нафар бо тухфаи хотиравии ЧМР такдим хохад гашт. Мутахасисони мо айни замон бо омузиши ин сахифа машгул буда, натичаи озмун албатта дар сомона эълон карда мешавад.

        Барои хамаи иштирокдорони Озмун-махфил Раёсати ЧМР сипозгузори менамояд. Кайд кардан лозим аст, ки дар Озмун-махфили сомона Охонов Ёкубчон, Топилов Шарифчон, Мутавалиев Эшбой, Гафуров Нематшох, Охонов Точимурод ва Гафуров С. фаъолии хешро то охири Озмун-махфил нишон доданд. 

                                                                               Бо эхтиром Раёсати ЧМР 22.03.2014сол.

mmuull 17.11.2013 в 22:16

Бародарони гиромикадр!.. Шумоён дар кучоед?. Чаро фаъолии худро нишон намедихед? Мо латифахо, шеъру таронахо ва табрикотхои бехтарини соли навии Шумоёнро интизорем!,,, Шумоён матнхои табрикотии пурмазмуни хешро ба мо ирсол намоед ва сохиби тухфаи хотирави гардед!,,, Холо шитобед!.. фурсат ганимат аст!... Вакт бошад наздик шуда истодааст!!,,,,,,,,,,,,

mutavaliev 26.12.2013 в 21:53

Salom

mutavaliev 26.12.2013 в 23:00

Тасмим бар газали Хоча Хофиз аз ашъори шодравон,, Саъдии сони "

 

Ин чи шурест, ки хангоми сахар мебинам,

Тавба мегуяму бо чашми хазар мебинам .

Муътабар хеч нашуда мардуми бо хушу тамиз,

Бар сари кавм саре хамчу табар мебинам.

Нобасомон бувадо зиндаги бо  сад сомон,

Хуш хаёте дами дуздони чапар мебинам.

Мардикорони ватан руй ба русхо бурданд,

Завчаи шон ба дами кори хатар мебинам.

Номи мулло хама чо бешу яке мулло нест,

Даври бозори асал гарки шакар мебинам 

Хизби навбоз,ки бар макр фуру афтодаст,

Одами накшишаётини хунар мебинам.

Гар казоро, зи чахон даргузарад оми факир,

Зи маросим-ш кучо ахли назар мебинам.

Фосики сохиби хонае,чу мирад пиру чавон,

Фотехахонаш каторак лаби дар мебинам,

Нест гуше магар ошуби гами  мо шшунавад,

Кори дуньё ба муроди дили кар мебинам.

Пар-пару кар-карихо чуча ба очеш омухт,

Модари тарбияро даюсу гар мебинам.

Аз шикастан хама пархез кунанд.  мохи сафар,

Ман шикасти хама банги ба сафар мебинам.

Сонниё дарк бикун маънии оёти  набаъ,

К-ин сифоотест, зи тафсири хабар мебинам.

 

 



22latif 28.12.2013 в 09:23

Офарин Мутавалиев, барои хачвномаи соли нави !!!

 

mmuull 28.12.2013 в 11:58

Бародарони азиз!

Дустони гиромикадр!

Хамдехагони мухтарам!

Инак ДИККАТ!!! ДИККАТ!!! ДИККАТ!!!

Вактхои чудогардида ба поён расида истодааст! Фаъол бошед, то сохиби тухфаи соли нави гардед!!!!!!

Мо интизори Шумоёни азизем!!!!

man1958 28.12.2013 в 19:26
Соли нав муборак
mutavaliev 28.12.2013 в 19:32

Чавонмардон падархоро маранчонед,

Писар бахри падар зуру тавон бошад.

Ба модархо дучандон мехрубон бошед,

Ки чаннат дар кудуми модарон бошад.

Агар пире дучор омад ба хар чое,

Чавонмардо бо дилчуи саломаш кун.

Агар пире чу гардад хамнишини ту,

Дар он дам аз дилу чон эхтиромаш кун.

Шумо душизагони мохпайкар хам,

Ба дарди волидон бошед чу малхам.

Падар-модар сутуни хонадон хастанд,

Ниходи зиндаги бар души эшон аст мустахкам.

Ду чашми равшану акли расою комати зебо,

Такомул ёфта аз шири модархост.

Чароги рушани хар хонаву махфил,

Хама аз химмату тадбири модархост.

man1958 28.12.2013 в 20:40

Ин даври гузар ба сад хавас мегузарад,

Гах базму тараб гахе чу хас мегузарад.  (давом дорад)

mmuull 28.12.2013 в 21:11

Салом!... Салом!... Салом!...

Ба хамаи иштирокдорони махфили солинави....

Барои Шумоёни гиромикадр низ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИ МУБОРАК БОШАД!!!!...

Фаъолии худро асло аз даст надихед, барои голибият мубориза баред!!!.... Иншооллох голибият насибатон хохад гашт...

man1958 28.12.2013 в 21:24

Умре ки барои зиндагй бол назад,

Чун мурги дилест дар кафас мегузарад.

mmuull 28.12.2013 в 21:29

Кисса кутох як духтарак аз назди балкони хонаашон доду фигон мекунад.

Эй хамсинфонам!!!.. Эй дугонахоям!!!...  

Шумоён маро дигар ёфта наметавонед!!!.

Баъди он хамсояхояш хаёл мекунанд, ки худаша шояд мекушад, вале мепурсанд: -чи муаммо дори духтарчон? Духтар мегуяд: - логину пароли адноклассникамро гум кардам.

man1958 28.12.2013 в 21:32

Сад дуст кам аз яки адоватпеша,

Яздон накунад ки хукми хасме гузарад.

mmuull 28.12.2013 в 21:45

Ба сарам фишори гардун, ба дилам фишори ҳар дун,

Зи фишори зиндагонӣ ба фишори дил расидам... (Л. Шерали)

man1958 28.12.2013 в 21:46

Шере ки ба ларза оварад дашту даман,

Рузе бишавад ки чун магас мегузарад.

Хар як нафасат ба оби тилло бинавис,

Садсола нафас ба як чарас мегузарад.

mmuull 28.12.2013 в 21:56

Инак қатор аз бари саҳрою даштҳо,

Аз ағбаҳои саҳмгин, аз рахнаҳо гузашт.

Эй шоҳиди муҳаббати бедоғи баччагӣ,

Он ишқи лавҳсодагӣ аз мо чаро гузашт?! (Л. Шерали)

mutavaliev 28.12.2013 в 21:57

Кист гамхори ватан гар на ту бошиву на ман?

Чашми бедори ватан на ту бошиву на ман!

Кист то санг агар нест, сари худ агар бинихад,

Пои девори ватан на ту бошиву на ман.?

Тан ба хори ки дихад, то наканад дасти аду?

Гул зи гулзори ватан на ту бошиву на ман!

mmuull 28.12.2013 в 22:04

Инак, инак, инак, кани фаъолии худро аз даст надихед!!!... Ба куллаи голибият наздик шуда истодааеед!!!!....

mmuull 28.12.2013 в 22:18

Одам хеле ҳақир аст, бозичаи тақдир аст,
Гули байни ду маргест, марге, ки ногузир аст.
Ҳатто худи таваллуд, оғози роҳи маргест,
Ҳадиси умру одам, ҳадиси боду баргест... (аз шабакаи Фейсбук)

mutavaliev 28.12.2013 в 22:26

Ох ей диёри дур,

эй сарзамини кудакии ман!

Хуршеди сарди магриб бар ман харом бод,

То офтоби туст дар офоки боварам. 

Эй хоки ёдгор,

Эй лавхи човидонаи айём! 

Эй пок, эй зулолтар аз обхои нил!

Ман накши хешро хама чо, дар ту дидаам,

То чашм бар ту дорам бар хеш мангарам.

mutavaliev 28.12.2013 в 22:49

Рузе чолу кампир чавонии худро ба хотир оварда басе хушхолу мамнун гардида ёди он рузхо кардаанд. Аз шавку хаячон, хиссиёт ба чашмони кампир мургак дамида маслихат кардаанд, ки чун чавонии худ пагох як маротиба бо хам свидания кунанд. Ман пагох бегохи, вакти говгум дар паси хонаи хамсоя,  дар таги бед туро интизорам асалакам гуфтааст муйсафед хуб шудааст султони калбам бо ноз хиромида чавоб додааст кампир. Пагохаш пирамард вакти говгум дар чои мулокотии давраи чавони се соат кампирро интизор шудааст, лек кампир ба свидания набаромадааст. Муйсафед чун ба хона омада бар сари кампираш дод занад, охир очаам ба свидани намонд дар хона падарам буд, бахона карда натавонистам, бо нозу карашма ишвакунон чавоб додааст кампир.

mutavaliev 28.12.2013 в 23:51

Рузгори тарабу навбати гам мегузарад,

шодию сури чахон зуд зи хам мегузарад.

Хеч кас нест' ки дар фикри дили худ бошад,

умри мардум хама дар фикри шикам мегузарад.

mutavaliev 30.12.2013 в 22:51

Боз як сол умр кам мешавад,

Боз як сол, соли дигар мешавад.

Боз ин дил дар талоши зиндаги,

Боз як соли зиндаги кам мешавад.

Хамдиерон,хамзабонон, хамдилон,

соли нав бодо муборак бар шумо.

Боз як шоди ба дил ояд шабе,

Боз як шаб аз дилам кам мешавад.

Боз дар дуньёи дил бошад гаме,

Боз як гам якшаба кам мешавад.

Хамзабонон, хамдиёрон, хамдилон,

Соли нав бодо муборак бар шумо. 

Боз омад соли неки дар чахон, 

Боз биё шоди кунем мо хар замон.

Боз омад аспи тозии давон,

Боз орзу мебарад бар кахкашон.

Хамдиерон, хамзабонон, хамдилон,

Соли нав бодо муборак бар шумо!

 

mmuull 03.01.2014 в 13:01

          Аввалан салом барои иштирокдорони ОЗМУН - МАХФИЛИ СОЛИ НАВИ, ба хамаатон соли нави мелоди муборак бошад! Баъдан чи хеле эълон карда будем, озмун - махфил санаи 01.01.2014 чамбаст гардида, натичааш эълон мегардад.

         Бинобарин дар озмун махфили мо танхо ду нафар иштирок намуданд, ки инхо Охонов Ёкубчон Намозович (man 1958) ва Мутавалиев Эшбой (mutavaliev) мебошанд. Мо барои онон миннатдории раёсати ЧМР -ро барои иштироки фаъолашон мерасонем.

        Аммо бо сабаби кам будани довталабон мо карор намудем ОЗМУН - МАХФИЛ -ро бахшида ба иди "НАВРУЗ" то санаи 20.03.2014с. идома дихем. Бародарони азиз фаъолии худро аз даст надихед ва номахои хешро ирсол намоед... Мо интизори Шумоем довталабони азиз...

mutavaliev 06.01.2014 в 20:57

Ин озмун хеч гуна голиб надорад  ин шеърхоро на барои голибият, балки барои хавасманд ва даъват намудани чавонон нигоштаем афсус,ки хеч ташаббус аз чавонони диер дида нашуд.

man1958 08.01.2014 в 18:24

Дастае дар мусобика чои дуюмро гирифт.

Пурсиданд: чанд даста ширкат дошт?

Гуфт: дуто.

man1958 08.01.2014 в 20:19

Бигзор озмун то иди Навруз идома ёбад, шояд хавасмандон зиёд шаванд.

man1958 09.01.2014 в 04:51

Эй Худо бахри чихо? Чон ба ман кардй ато E барои зеби дахр Офаридастй маро?

man1958 09.01.2014 в 05:39
Он ки мурду кишт гар Номи у вирди забон. Он ки хурду зист лек Во дареги умри он
man1958 09.01.2014 в 06:06
Пас, мурод аз зиндагй Тухми некй коштан Дар замири калбхо Номи хуш бигзоштан.
mutavaliev 12.01.2014 в 19:59

Умри айём шариф аст' машав гофил аз у

Ки мабодо бо гаму гусса мушаваш гузарад.

Умрро хуш гузарон то битвони зинхор.

Хайф бошад, зи чунин умр, ки нохуш гузарад.

mutavaliev 12.01.2014 в 20:05

Дил об намо то дили обат гиряд, 

То дар дили обат офтобат гирьяд.

Он гуна бизи, ки баъди чон кандани ту,

Пинхони зи чамоа гуркобат гиряд

mutavaliev 13.01.2014 в 15:55

Рости то хол мисрае хам эчод накардаам, вактхои холиги ва фориг аз кор аз ашъори устодон Лоик Шерали, мавлоно чалолидинии руми, шоирони муосир устодон Фарзона, Озарахш, Вочиди Ашти, мархум Саъдии Сони, ва боз се чор нафар чавонони лаекатманд хастанд,ки аз дарди чомеа ва дар рухияи хирадмандиву тарбия эчод менамоянд мутоила менамоям он чи макбул ва писандам омад аз ед намуда ба хотир мегирам. Азбаски ба кадоме аз инхо таалук доштани байтхо аник дар хотирам намондаст ба хотири гуногунадеши муаллифонашонро наовардам.

admin 13.01.2014 в 18:36

Як  руз бачаи афанди аз фани забони руси 2 мегирад

Хонашон мебиёд  гиря карда, афанди меперсад  

-Чуба гиря мекуни бачам?

Бачаш бошад  мегуяд, аз фани руси 2 гирифтам

Савол додан ки ГУРГ ба руси чи мешавад- надонистам

Бад  афанди мегуяд ки бачам наход  хамин савола  надони  гург ба забони русси НУ ПОГАДИ мешавад.

admin 14.01.2014 в 14:14

Ёкубчон Охонов САЛОМ ман Шарифчон Топилов 

Мо интизори когазе ки ба ман нишон дода будед  кучо кардед  дар рузхои наздик ба сомонаи мо гусел намоед.

man1958 15.01.2014 в 11:36
Ба Топилов Ш! Баъди чопаш дар рузнома худо хохад мефиристам
topilov 16.01.2014 в 16:51

Cалом  ахли ҶМР ! ! ! . . 

topilov 16.01.2014 в 16:54

Ман ватан дорам.

nematjon 22.01.2014 в 05:53

Сарзамини тоза бунёд Ашти ман Гулбарсар эй мулки обод Ашти ман,

sasha0086 22.01.2014 в 19:10

Афанди бозор ба равганхари мерад. Равгана мехарад ба равганфуруш мегуяд ако ош шавад.... афанди мегуяд чи ин кати ШУРБО карда намешад.

sasha0086 22.01.2014 в 19:21

Булбул, ки кард хичрат , гул ноздонаи кист,

Булбул забон бурида ,савсан забони кист

Дар нух фалак садо зад фарёоди бечавобам

К-он ошнои рафта дар ошёнаи кист

Он шамъи анчумафрузон офтоби Навруз

Шодии рушани ки нозу бахонаи кист.

sasha0086 22.01.2014 в 19:28

 Бемор нашав, модар бемор нашав ,модар

Нагзар,маро нагзар, бемор нашав ,модар,

Бардор сар аз болин,аз кулла шуъо барчин,

Хуршеди фурузонфар, бемор нашав, модар,

Бар шодии кокухо, бар хурмати хулбухо,

Бар хотири нулуфар, бемор нашав,модар.

sasha0086 22.01.2014 в 19:39

Айеми мухаббат аст навруз, бале,

Гулдаста,ки аз буш шудам маст ,бидех

Дил гуфтию чоми сабр бишкаст, бидех!

Чону дили ман фидои ту,даст бидех!

topilov 23.01.2014 в 12:54

Мо бурунро нангарему колро, Мо дарунро бингарему холро!

sasha0086 24.01.2014 в 10:00

Субхи сафои ЧУМЪА бодо муборак бар Шумо!!! Субхи пурнуру зие бодо муборак бар Шумо!!! Шукр гуед хар сахар бар даргахи Яздони пок!!! Рахмати нури Илохи бод мададгори Шумо!!! Асалому алейкум ва рахматуллоху ва баракотуху бародарону додарон, апахою хохарони ахли ислом. Яке аз ичтимооти мусалмонон ин намози Ч,умъа мебошад ва намозхонон дар рузи чумъа ба чои намози пешин намози чумъа мехонанд. Ин намози бошукух бар асоси китоби Худо фарз гардидааст, ки мефармояд. Эй касоне, ки имон овардаед, вакте дар рузи чумъа барои намоз азон дода шуд ба суи зикри Худо бишитобед ва хариду фурушро дар он лахза карор бигузоред. Худро задам бар хар даре,худро пушаймон ефтам, Бар хар саволам посухе, танхо зи Куръон ефтам. Чустам бихишти гумшуда, дар кухи ину он басе, Осоиши харду чахон дар кухи имон ефтам. Ба хамаатон ин рузи Саиди Бузурги Ч,умъа муборак бодо ва аз Худо хохиши онро мекунам, то ки намозатонро ба даргохаш кабул гардонад. ОМИН.

mmuull 24.01.2014 в 15:11

Барои иштироки фаъолонаи Охонов Ёкубчон, Мутавалиев Эшбой, Топилов Шарифчон, Неъматшохи Ашти ва Сафарбой Гафуров дар иловаи комментарияхо дар сомонаи "Паёми кухсор" масъулони сомона миннатдории хешро мерасонад.

mutavaliev 24.01.2014 в 22:42

Эй чавон гофил машав дар арсаи дахри дудар,

Умри худ зое макун дар чахлу нодони дигар.

Фасли наврузи чавониро ганимат дон, ки он

Меравад зуд аз сари ту дер меёби хабар.

Корвони умр чун дар кишвари пири расад,

Дигар аз нахли муроди худ намеёби самар.

Дар рахи умри чавоният кадам дониста мон,

Баски дорад зиндаги пастиву баландиву хатар.

Зиндаги омузгор аст аз барои одами,

Мекашад моро ба суи мактаби худ хар сахар.

Аз китоби ххудшиносиву худогохи басе,

Медихад хар лахзаам дарси волои дигар.

То набоши гофилу побастаи хоби гарон,

Мушти огохию маъни мезанад моро ба сар.

То гахе андар сарояш одами одам шавад,

Мешавад омузгори пири мо хуни чигар.

Даргахи маърифату маънист дори зиндаги,

Эй чавон биштоб суи даргахи у хар сахар.

Некрою некному хайрхохи халк бош,


Чун ниегон дар ду олам обру хохи агар.

Умри худ гар сарфи кори чахлу нодони куни,

Пеши мардум дон ки хасти дар шумори гову хар.

Эй чавон панди баениро нагири окибат,

Мезани он лахза санги надоматро ба сар.

sasha0086 28.01.2014 в 12:28
Яке Искандари давру замон аст,Дигаре дар хасрати як бурда нон аст.Яке шохи кунад мисли Сулаймон,Дигар талбанда монанди гадоён.Якеро молу сарват бехисоб аст,Дигар аз гушнаги дар изтироб аст.Яке дар гафлату дар кайфи хоб аст, Дигар дар мехнату ранчу азоб аст.Заноне аз пайи андеша гашта,Заноне фосику фохиша гашта.Зане андар фироки шавхараш сухт,Зане номуси худ бо мол бифрухт.Якеро кайлаву сиху кабоб аст,Дигар бо ними нону култи об аст.Яке беранчу мехнат мисли шох аст,Дигар хам ранч бурд хам хоки рох аст.Яке зар бахри хоб бо гулрухон дод,Дигар аз гушнаги дар рох чон дод.

Страница: [1] [2] [3] [4] [5] [6] [7] [8] [9] [10][11]