Сделать свой сайт бесплатно

Реклама

Создай свой сайт в 3 клика и начни зарабатывать уже сегодня.

@ADVMAKER@
ПАНДИ БУЗУРГОН
Добавил: mmuull 19 января 2014 18:57
Последний комментарий: Аноним 24 февраля 2014 12:55

ПАНДИ БУЗУРГОН

       Ин саҳифа бо дархости мухлисони сомонаи «Паёми кӯҳсор» омода гардида, дар инҷо панду насиҳатҳо ҷойгир карда мешавад. Марҳамат дар ин маҳфили олами насиҳатҳо фаъолона иштирок намоед. Ба манзури Шумоён пандҳои пурмазмунро дар иҷро, ва садои форами Малохатбону А ва Қурбон С. пешкашатон мегардонем, гуш кунед, ҳаловат баред ва дар дохил намудани комментарияҳо фаъол бошед.  

 

 

САЗОИ НОШУКРӢ

(Хикоя)

       Зинат боз азими сафар ба Руссия шуд. Ин дафъа додараш Зиракро низ ҳамроҳаш гирифт. Бародарон ба сахтиву машаққатҳо нигоҳ накарда кор мекарданд. Пулҳои ёфтаашонро дарҳол ба модарашон равона мекарданд.

    Соҳиба аз омади кори писаронаш шукр мекард. Аммо ҳар боре, ки модар пул мегирифт, кибраш зиёдтар мешуду «шукр» ба забонаш камтар меомад. Ба бозор рафта, барояш чизҳои қимматбаҳоро интихоб мекард, ба хариди дигарон назарногирона нигоҳ мекард. Ба соҳиба боз пул омад. Рақамҳои фиристодаи писарашро гирифта ба бонк рафт.

    Занаке аз бонк пул мегирифт. Соҳиба бесаброна  ин сӯ – он сӯ қадам монда, навбат мепоид. Занак панҷто ҳазоррублии руссиро гирифта, ба чашмонаш молида, «раҳмат» гуён ба қафо гашт.

- Оббо, буду шудаш панҷҳазор рубл пул мегирад, аммо дилаш, ки пеши пояшон саҷда кунад, - ғурунгос кард. Соҳиба ва рақамҳои махфиро ба корманди бонк дароз кард, - аз они ман панҷоҳ ҳазор. – Марҳамат шумурда гиред! – панҷоҳ дона ҳазоррублиро ба назди Соҳиба гузошт корманди бонк.

- О, ин чӣ хел пул? Ба ман пулҳои калонашро диҳед, -қавоқашро гирифт Соҳиба.

-Магар ин пул нест? - ҳайрон шуд корманди банк, -пулҳои калон надорем.

- Ин пулчаҳои назарногиратро ба кисаат андохта мон, додарча – абрувонашро чин кард Соҳиба, - Ман аз дигар бонк пулҳои панҷ ҳазориву даҳҳазориашро мегирам.

- Холаҷон, Руссия ҳоло пули даҳҳазорӣ набаровардааст, - хандид корманди бонк, - оқибати ношукриатон ба хайр шавад.

- Ба насиҳати ту муҳтоҷ нестам. Ман безори пулҳои майда – чуйдаатон шудам, - ҷилвакунон аз банк дур шуд Соҳиба.

*        *        *

         Торикӣ атрофро пахш мекард, аммо ҳамоно Зинат аз болои бом фаромадан намехост.

- торик шуд ака, барои имрӯз бас будагист? Дастҳоям аз хунукӣ карахт шуданд, - таги поямон яхча шуд, -норозӣ шуд Зирак.

- Медони –ку додарҷон, имсол проблемаамон бисёр. Ман бояд хонадор шавам, ту бояд ба хондан дароӣ. Пулҳои охиринамонро ба хона гусел кардем, тезтар ин корро ҷамбаст карда, пулашро гирифтан даркор. Барои ҳамин ана ин ду тахтаро ҳозир часпонам, саҳар хеста, ба часпонидани шифер сар мекунем, - гуён тахтаро гирифта ба додараш дароз кард Зинат.

         Зирак тахтаро гирифта ба ҷои даркорӣ гузошту хост мех кунад, аммо пояш лағжида сарпоён ба замин афтид. Дарҳол ӯро ба беморхона бурданд.

      Аз ин воқеъа ҷамъияти ҳамдеҳагон, ки бо мақсади ваҳдат ва дастгирии ҳамдигар дар ҳолатҳои дармондагӣ ва ногаҳонӣ бо номи ҶМР (Ҷамъияти муҳоҷирони равшандил) ташкил карда буданд, огаҳӣ ёфта, намояндагони он ба беморхона омаданд.

- Сарашро ҷарроҳӣ карданд, -гуфт Зинат ба намояндаи ҶМР, - мувофиқи гуфти духтурон ба муддати як сол набояд кор кунад. Бинобарин ба ватан гусел карданам лозим. Аммо пул надорам. Бо фоизи дилхоҳ бошад ҳам аз ягон кас пул гирифтанам лозим.

- Ин тавр нагӯй, Зинат –гуфт намояндаи ҶМР, -ту ва додарат узви ҶМР ҳастед. Барои ҷарроҳии додарат ҶМР кӯмаки бебозгашт мекунад, чунки ӯ лаёқати кориашро гум кардааст. Барои ба ватан гусел карданаш ба номи ту қарзи бефоиз медиҳем. Ту кор карда, оҳиста-оҳиста дар муддати се моҳ онро пардохт мекунӣ, майлаш?

-Ташаккур, ба Шумо ва ба ҶМР, ки дар ҳолатҳои зарурӣ мо барин дармондагонро дастгирӣ мекунад, -хурсанд шуд Зинат.

        Зинат ба модараш занг зада, воқеаро гуфт ва хоҳиш намуд, ки аз паи саломатии Зирак шавад. Пулҳои ғункардаи Соҳиба мисли хазоне, ки бод аз шохи дарахт барканда мебурд, барои дармони Зирак парвоз мекард. Соҳиба бошад аз рафтани пулҳояш дарун-дарун месӯхт.

          Баъди чанд вақт аз Зинат ба модараш занги телефон шуд:

- Модарҷон, қарзҳои гирифтаамро ҳисобӣ карда истодаам, бинобарин ба шумо пули бисёр фиристонда натавонистам. Кам бошад ҳам ин панҷ ҳазорро гирифта ба эҳтиёҷатон сарф кунед, фақат зиқ нашавед.

           Соҳиба ба бонк рафту хост пули аз Зинат омадаро гирад.

- бубахшед, пули калон надорем, гуфт корманди бонк Соҳибаро шинохта.

- Майлаш, писарҷон. Садрублӣ бошад ҳам пул бошад шуд, - сарашро хам карда соҳиба, гӯё ки сазои ношукриашро ҳис карда буд.

Ёқубҷон Охонов узви ИЖ Тоҷикистон


Просмотры (1028)  Комментарии (34)  Форум (Асоси)
mutavaliev 19.01.2014 в 20:52

Файзи халоватро биё, аз сухбати пирон талаб

мехру садокатро биё, аз покии имон талаб.

Эй булхавас харгиз маноз аз ин дуруза сарватат,

Дасти саховатро кушо фотиха аз пирон талаб.

mutavaliev 19.01.2014 в 20:56

Агар хохи.ки писандидатарини мардумон боши, он чи ба худ написанди ба дигарон маписанд.

                                                                           (Унсурулмаолии  Кайковус)

topilov 20.01.2014 в 16:06

Гар подшохи олами, охир гадои модари!   Орзуи холи  бехтар доштан, Лаззати  як лахза модар доштан!

topilov 20.01.2014 в 16:44

модар ,эй латифтарин гули бустони хасти, эй богбони хастии ман.Намедонам то кай туро бештар аз хама кас дусттар дошта бошам?Ту бо ман будиву ман бехабар зи худ.Солхо мепарвариди марову хар лахза мунтазири лабхандии ман буди.солхост, ки ман туро он кадар ,ки лоики он буди нашнохтаам.солхост,ки дар васфи ту дармондаам.Ман гофил зи дунёи хешу у олим ба дунёи ман.ман паи хатокориву у хар шаб паи покии ман.Гаштам миёни шеърхо ,макоми ту зи шеърхо воло.Гаштам миёни богхо,худованд буньёд карда бихишт зери пои ту модар!  Биноэам химмати волои модар, ба курбони кади болои модар. Тану чону  сару поям фидо бод, Ба рохи сабри чонфарсои модар.

man1958 20.01.2014 в 16:52
Бохунар кони зар аст. Бехунар куру кар аст.
man1958 20.01.2014 в 17:05
Ба гайбатчй магу сири дилатро. Барангезад ба оташ махфилатро.
man1958 20.01.2014 в 17:19
То метавонй бинмо некй барои дилхо. Некй натонй кардан локал бадй набинмо.
topilov 20.01.2014 в 18:36

Касе як зарра амали хайр кард,онро мебинад.Ва касе Як зарра амали бад кард,онро хохад дид.} Бикуш имруз то гандум бипоши,Ки фардо бар чаве сохиб набоши!

man1958 21.01.2014 в 12:20
Айби дигаронро надидан айб нест, аммо айби худро надидан айб аст.
man1958 21.01.2014 в 12:29
Хабаркашро ба пахлуят мадех жой. Ки тухми фитнаро пошад ба ду пой.
man1958 21.01.2014 в 12:35
Аз онхое ки туро таъриф мекунанду ба ту наздик шудан мехоханд, худро дуртар бигир.
man1958 22.01.2014 в 07:15
Дили бехавас мисли замини яхбастаест ки барои онро кишт кардан аввал яхро бояд об кард.
man1958 22.01.2014 в 07:37
Дили торик хонаи бедару тирезаест ки барои равшаниаш чароге лозим аст
mutavaliev 22.01.2014 в 14:54

Илм дар хурди накш бар санг аст.

mutavaliev 22.01.2014 в 14:55

Мояи бузурги илму адаб аст на аслу мансаб.

topilov 23.01.2014 в 13:20

Ру ба даргохаш кай овардию гашти ноумед? Чун гадо кохил бувад таксири сохибхона чист?(Чавомеъ_Ул_калим).

topilov 23.01.2014 в 13:24

На хар охе кабул афтад ,на хар ашке асар дорад,Яке гавхар шавад аз сад хазорон катра боронро.

topilov 23.01.2014 в 13:30

Дило бисуз,ки сузи ту корхо бикунад, Дуъои нимишаби дафъи сад бало бикунад


(Гураруд.Дурар).

topilov 23.01.2014 в 13:49

Бикун хидмат мусофирро савоб аст Савоби хизмати у бехисоб аст.Кашида дар сафар у ранчи б исёр. Аз и н хо т и р д у о я ш мустачоб аст.

man1958 24.01.2014 в 08:27
Кур он нест ки чашм надорад, балки онест ки бо чашмони бинояш рохи хаётро намебинад.
man1958 24.01.2014 в 15:04
Шахси бетараф чун санги кухест ки ба руяш чй борон мебораду чй офтоб нур мепошад. Рузе фарсуда мешаваду ба чизе ба кор намеояд.
man1958 24.01.2014 в 15:16
Занбур бо гул хамнишин гашту асал овард.
man1958 24.01.2014 в 15:55
Ба поямон хоре халад хорро айбдор мекунем, аммо фикр намекунем ки он аз беэхтиётии худамон шудааст.
man1958 25.01.2014 в 07:13
Зиндагй саросар имтихон аст. Барои аз имтихон гузаштан ба зиндагй бо чашми сар не балки бо чашми акл бояд нигарист.
topilov 26.01.2014 в 03:09

Худованди карим мефармояд ;Хангоме ки Волидайнхо ба синни пири мерасанд ба онхо муомила кардан мушкил мегардад зеро ки онхо мисли кудак мегарданд ба онхо уфф мазан дуруштмуомила мабош зеро вактхое буд ки онхо туро дар тозаги .нигох медоштвнд   



topilov 26.01.2014 в 03:19

Гуштпора будиву гарки мурдор    Ходима ба ту буд модари зор !Мешуст туро зи хар начосат Он гах ки набуд туро Фаросат 

topilov 26.01.2014 в 03:36

Гар хаме хохи ризои кирдигор 

Рав ,ризои волидайнро гуш дор 

Чун дили эшон зи ту хушнуд шуд Гарди андар охират хуш растагор

sasha0086 27.01.2014 в 16:22
Яке Искандари давру замон аст,Дигаре дар хасрати як бурда нон аст.Яке шохи кунад мисли Сулаймон,Дигар талбанда монанди гадоён.Якеро молу сарват бехисоб аст,Дигар аз гушнаги дар изтироб аст.Яке дар гафлату дар кайфи хоб аст, Дигар дар мехнату ранчу азоб аст.Заноне аз пайи андеша гашта,Заноне фосику фохиша гашта.Зане андар фироки шавхараш сухт,Зане номуси худ бо мол бифрухт.Якеро кайлаву сиху кабоб аст,Дигар бо ними нону култи об аст.Яке беранчу мехнат мисли шох аст,Дигар хам ранч бурд хам хоки рох аст.Яке зар бахри хоб бо гулрухон дод,Дигар аз гушнаги дар рох чон дод.
nematshoh 30.01.2014 в 07:05

Барои падарам !!!!! Сад шукри худо гуям аз он ки падарам хаст. Хуршеди чахон то ба болои сарам хаст. Аз дидани дидори падар сер нагардам. Гар чи шабу рузон ба пеши назарам хаст. Омухт маро дарси вафо дарси садокат. Шодам падари хураму сохибзафарам хаст. Дар зери само бол зада парвози маро бин. Аз дасти дуои падарам болу парам хаст. Аз руи сафеди ту падар нур биборад. Пеши падарам дидаи сохибзафарам хаст. Шоир бираву дасти падар гир ки бигуяд. Асои мани пир ду дасти писарам хаст. дасти писарам хаст.

nematshoh 30.01.2014 в 13:04

Пулдор ба зарби пул чахонро гирад,

Хохад агар аз чисми ту чонро гирад,

Бепул хамашаб руй ба мах мехобад,

Шод аст,ки мах сурати нонро гирад,

man1958 04.02.2014 в 08:35
Пое, ки бар руи кас монда шуд, руйро не балки дилро захмин мекунад, ки шустани доги он гумон аст.
mmuull 16.02.2014 в 14:15

Ин сахифа танхо барои "Панди бузургон" пешбини карда шудааст.

sasha0086 23.02.2014 в 06:03
Дар чахон эй дустон дилсузи фарзанд Модар аст! Нури дида точи сар дар назди фарзанд Модар аст! Харки донад кадри Модар гавхари кимматбахост! Гавхари кимматбахо дар назди фарзанд Модар аст..
mmuull 24.02.2014 в 12:55

          Мухтарам, Неъматшох сабаби руи сахифа наомадани комментарияи Шумо дар он аст, ки комментарияатон ба  сахифаи "Панди бузургон" мувофикат намекунад. Бинобарин аз Шумо хохиш карда мешавад, ки чунин байтхоро ба зери сахифаи "Озмуни байту таронахо" дохил намоед.

                                                                                     Бо эхтиром масъули сомонаи "Паёми кухсор"

19960000 26.10.2014 в 11:51

ЧУ БЕЧ ГАШТИ ТАБИБ АЗ ХУД МАЁЗОР!

КИ БЕМОРИ ТАВОН БУДАН ДИГАР БОР,

ЧУ БОРОН РАФТ БОРОНИ МАЯФКАН,

ЧУ МЕВА  СЕР ХУРДИ ШОХ МАШКАР,

ЧУ ХИРМАН БАРГИРИФТИ ГОВ МАФРУШ ,

КИ ДУНХИММАТ КУНАД НЕЪМАТ ФАРОМУШ,


МАНЕХ БАР РУШНОИ ДИЛ БА ЯК БОР,


ЧАРОГ АЗ БАХРИ ТОРИКИ НИГАХ ДОР,

НАШОЯД К-ОДАМИ ЧУН КУРРАИ ХАР,

ЧУСЕР ОЯДНАГАРДАД ГИРДИ МОДАР,

ВАФОДОРИ КУНУ МИННАТШИНОСИ,

КИ БАДФАРЖОМИ ОРАД НОСИПОСИ,

ЧАЗОИ МАРДУМИ ЧУЗ МАРДУМИ НЕСТ ,

ХАР ОН К-У ХАК НАДОРАД ОДАМИ НЕСТ,

440591 09.04.2016 в 23:58
зиндагӣ ин зарбаи пай дар пай аст!!!"